БА ҲАРФИ ОШНО ДИЛАШ МОИЛ НАМЕГАРДАД

Воқеан ҳам тайи солҳои охир гирдиҳамоиву овозаҳои беасос, суханҳои тафриқаангезу низоъандози баъзе аз ҷӯгиёни дар ба дар, ки ҳатто барои “тоҷик”-и бадарғашуда гуфтан ҳам забон давр намезанад, тавассути сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд гардидааст, ки онҳо ғайр аз чун ҷӯгӣ “талбандагӣ”-ю “овозаи беасос” паҳн кардан дигар ягон тадбири мусбате аз дасташон намеояд. Боз ташкилкунандагони он аъзоёни ТЭТ ҲНИ мебошад, ки корҳояшон пур аз бофтаю сохта мебошад.

Зеро онҳо бо нишондоди ангушти “хоҷагон”-у роҳбарони ифротзадаашон амал намуда, бо пули ҳароми бадастовардаашон бояд дар ҷомеа нофаҳмиву тафриқа ва ғояҳои олудаву пӯсидаи ифротиёнро ҷорӣ намоянд. Аммо кайҳост, ки мардуми тоҷик зидди ин ақидаҳост.

Масалан, рӯзи гузашта, гӯё “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо пахши эъломияи матбуотӣ эълон кардааст, ки 10 декабри соли ҷорӣ дар рӯбарӯи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон гирдиҳамоии бузурге баргузор хоҳад шуд”. Хандаоварии ин амал аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо ҳарчӣ коре, ки анҷом медиҳанд, аввал ин ё он кумита ё гурӯҳро ба ном ҳасту халос ташкил ё номгузорӣ мекунанд. Барои он ки мардум ба онҳо бовар кунанду ҷонибдори ташаббусҳои ғаразонаи онҳо бошад. Аммо бояд донист, ки ба ин хабару овозаҳои бемантиқ ҳатто шаҳрвандони бадарғашудаи дар ба дар ва ҷӯгиёни маблағталаб ҳам хоҳиши рафтану иштирок намуданро намекунанд.

Аз ҷониби дигар ин чӣ хел Кумита аст, ки бо зиндониёни сиёсї кору фаъолият дорад ва барои озод намудани онҳо кӯшиш менамояд? Зеро шояд гап дар сари он аст, ки Муҳаммадалии Сайид яке аз идеологҳои наҳзатиёни ифротӣ ба ҳисоб мерафт. Барои ҳамон озодшавии ин наҳзатии лаънатиро талаб доранд. Бояд иқрор шуд, ки аз дасти ташкилкунандагони гирдиҳамоӣ махсусан, Илҳом Ёқубови савдогари мошинфурӯш ягон коре ба даст нахоҳад омад ва барои кирдорҳои кардааш посухи сазовор гирифтааст.

Қонунҳои давлату ҳукумат дар замони муосир по бар ҷо ва мустаҳкам аст ва ягон эҳтиёҷ ба таклифу пешниҳодҳои онҳо ҳам нест. Суд медонад, ки ба кӣ чи гуна ҳукмро раво бинад. Хуб шудааст, ки давлату ҳукумати кунунӣ ҷомеаи азизу муқаддаси моро аз чунин инсонҳои хатарнок пок месозаду аз чашми мардум дур месозад. Дар вуҷуди Илҳом Ёқубов ва ду-се аъзоёни боқимондаи ТЭТ ҲНИ ягон ҳисси дӯст доштани Ватан, саҳм гузоштан дар ободӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар тамоман эҳсос намегардад, онҳо танҳо бо идеологияи хориҷиён амал менамоянд. Муваффақияти Тоҷикистонро дида натавониста, баръакс мардумро ба гумроҳиву тафриқаандозӣ ҳидоят месозанд.

Хулоса, ҳар як амали ғайриқонунии пинҳонкорона ва тафриқаандозии аъзоёни ТЭТ ҲНИ муҳлати худро дорад ва зиндонӣ шудани зиндониён ҳам асоси воқеии худро дорад, ки ба чӣ хотир онҳо вориди зиндон шуданд. Агар мақсад ва дилу нияти онҳо дар Тоҷикистон пок мебуд ба сӯи муваффақиятҳо раҳсипор мешуданд, агар не, пас, ҷазои сазовор насиби онҳост!

 

            Дастаи “Авангард”-и шуъбаи

                                                               тарбияи ДКМТ