БА ҚАДРИ ОБ МЕБОЯД РАСИД…

Дар ҳошияи семинари “Идоракунии захираҳои об ва технологияи муосири тозакунии об”

Дар доираи Лоиҳаи “Оби мавзун-2” рузҳои 25-26 октябр дар толори Шурои олимони Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон семинари омузишии ““Идоракунии захираҳои об ва технологияи муосири тозакунии об” бо иштироки ҳамоҳанги лоиҳаи мазкур, профессори донишгоҳи Норвегия ҷаноби Харша Ратнавира баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи семинари мазкур ректори  Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, дотсент Фозилзода Мухтор рӯзмарра будани мавзӯи семинарро таъкид намуданд, ки ба амалиёти Даҳсолаи амал барои об 2018-2028, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам м Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, марбут донист.

Мутобиқи барномаи семинар дар мавзуҳои муҳими масоили мубрами об дар минтақаи Осиёи Марказӣ маърузаҳои илмӣ пешкаши ҳозирон гардид.

Назар ба гуфтаи ҳамоҳанги лоиҳаи мазкур, профессори донишгоҳи Норвегия ҷаноби Харша Ратнавира сол аз сол аҳолии кураи Замин афзоиш ёфта дастрасӣ ба оби нушокӣ мушкилоти иҷтимоӣ дар саросари ҷаҳон мегардад.