БА ҚАДРИ НЕЪМАТҲОИ ИСТИҚЛОЛ БОЯД РАСИД!

Ҳарчанд дар чанд соли охир бароям имкон даст додааст, ки бо ҳаёти мардуми кишвар бо сафарҳову дидорҳо бо мардум аз навоҳии мухталиф, ба хубӣ ошно гардам ва вазъро бо тамоми майлу хоҳиш иншо намоям. Агарчи,  дар шинохт ва ҳазми истиқлол миллати тоҷик аз асрҳои қабл талош кардааст ва барои мустақилияташ низ ҷоннисориҳо намудааст, вале ҳамин ҷо ҷумлае бар ин поя гуфтан месазад. Истиқлол худ як неъмат ва файзу баракат аст. Истиқлол худ як нафаси тоза ва дили равшану муҳаббати беолоиш аст. Истиқлол барои мардуми Тоҷикистон як бахти бузург ва як хостаи дерина боқӣ мемонад. Чаро? Зеро миллати тоҷик дар давраҳои мухталиф талош кардааст, то мустақилият ва озодии хешро дошта бошад, аммо ҳамеша дар зери султа қарор гирифтааст. Ҳамеша миллат ин ормонашро дар дил парваридааст, вале бо вуҷуди бадбахтон ва душманон, натавонистааст ба ин дастёб шавад. Ҳарчанд пас аз талоштҳои зиёд дар охири садаи 20 миллати тоҷик тавонист, истиқлол ба даст оварад ва аз баракату файзаш лаззат барад. Чи лаззате бузург дорад миллати соҳибистиқлол будан ва чи симои хос дорад давлати соҳибистиқлол. Ман ҳадс мезанам ва борҳо дар кишварҳои хориҷ дидаам, ки чи гуна миллатҳо барои истиқлол мегирянд, ман борҳо дидаам, ки чи хел одамон барои ватан ашк мерезанд. Ман борҳо шоҳиди ғурбати мардум гардидаам, аммо дар охир шоҳиди хушбахтии миллати хеш низ ҳастам. Дарки истиқлол шояд барои баъзеҳо хеле мушкил бошад, аммо ман кӯтоҳ гуфта мегузарам, ки истиқлол ва соҳибистиқлолӣ ин нафаси тоза кашидан дар ҳавои ватан мебошад. Дили гарму чеҳраи хандон ва нишоти хонадон аст. Ҳар чи бошад, набошад, миллати соҳибистиқлол як зина мартаба ва мароми баланд дорад ва ин дар кишвари ман дида мешавад. Ҳаргиз тоқати дидани гиряву ғам, яъсу ноумедии ин миллатро надорам, дари саодату бахт ҳамеша ба рӯйи тоҷик боз бошад. Тоҷик ҳамеша бовиқор, бо нангу ор бошад ва ин метавонам аллакай нишон аз мустақилият ва волоияти инсон дар кишвар бошад.

Нангу номус ва талошҳову ҳаракатҳои мардона метавонад миллатро ба истиқлол расонад ва бар ҳимояи он водор созад. Миллати тоҷик ҳарчанд сангинтарин рӯзҳоро дошт, ҳарчанд дар табартақсимҳо зарар дидааст, вале боз ҳам барои як порча хоки ватан ва ҳифзи арзишҳояш талош кардааст, ки беҳтарин намунаи ватандорист. Имрӯз бо талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба як давлати пешрафта ва соҳибэътибор муаррифӣ шуд ва ин баландтарин мақом аст. Зеро дар арсаи байналмилалӣ давлатҳое ҳастанд, ки умуман истиқлол надидаанд ва зери мустамлика қарор доранд. Миллатҳое ҳастанд, ки фақат истиқлол ва озодиро дар хоб мебинанд. Бояд ҳамаи инро бо чашми хирад дид ва баҳои сазовор дод. Ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва маънавӣ аз бузургтарин ҳадафҳои мардуми тоҷик буд ва имрӯз ҳам бояд барои насли ҷавон бошад.

Баъзан нотавонбинон ва душманони миллат бо баҳонаҳои мухталиф мехоҳанд ба миллат ва кишвари мо зарба зананд ва ин неъмати гаронбаҳоро аз мо бигиранд. Мақсади аслии абарқудратҳо ин нест кардани як давлат ва миллат аст. Онҳо баҳонаҳои зиёд пеш меоранд ва ҳадаф ҳам яктост- аз байн бурдани давлат, зери мустамлика қарор додани миллат.

Аз ин рӯ, зиёиён ва ҳамватанони моро лозим меояд, ки дар ин масъала хеле равшану возеҳ бигӯем ва ба насли ҷавон ҳамаи роҳҳои ҳифзи арзишҳоро биомӯзонем. Зеро ҳифзи ватан бахти баланд ва саодати абадист. Дар сурати тазодӣ мо фақат худамонро бой медиҳем ва арзишҳои инсониямонро аз даст медиҳем, шинохтамон бакуллӣ тағйир меёбад, ки ин хеле бад аст. Ба ҳамин хотир расидан ба қадри истиқлол ва баҳра бурдан аз неъматҳои он басо ширину гуворост. Фақат дар чанд соли мустақилият,мо тавонистем соҳиби роҳҳову нақбҳо ва нерӯгоҳҳои хурду бузург, шаҳраку деҳоти нав, биноҳои баландошёнаву фароғатгоҳҳои замонавӣ гардем. Фақат дигаргун гаштани Душанбе худ гувоҳ аз пешрафту тавони кишвари азиз аст. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бахшида ба 30 солагии истиқлолияти давлатӣ иншооту биноҳои замонавӣ, мактабу муассисаҳои тиббӣ ва дигар барномаҳои созандагӣ амалӣ карда мешаванд, ки ин ҳам аз баракти истиқлол аст.  Ҳар фарди банангу орӣ ватанро лозим меояд, ки ба қадри ин ҳама неъматҳо бирасад ва барои ободиву сарсабзии ватани азиз кӯшишу талош намояд. Дӯст доштани ватан, ҳифзи арзишҳои ба мисли истиқлол бояд аз вазифаҳои аслии ҳар як фарди мамлакат бошад.

                                                                       Қурбон Муродович Азизов

                                                        мудири шуъбаи тарбияи донишкада