БА НИЯТИ ДАЪВАТИ ДОНИШҶӮЁНИ ОЯНДА

Дар доираи супориши Раиси вилояти Суғд ба хотири ҷалби бештари хатмкунандагони мактабҳои миёна ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар як гуруҳ сарони мактабҳои олии вилоят ба шаҳру навоҳӣ сафар намуда, бо донишҷуёни оянда мулоқот менамоянд.

Муовини ректори донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, устод Замониддин Насриддинов дар ҳайати гуруҳи мазкур аз як қатор навоҳии  водии Зарафшон боздид намуда, оид ба ҷалби довталабон ба донишкада ва ихтисосҳои мавҷуда суханронии пурмуҳтаво менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки устод Насриддинов оид ба моҳияти ин донишкадаи техникӣ ва касбу корҳои геология, металлургия, нафту газ, экология, иқтисодиёт, саноати заргарӣ ва ҳамчунин робитаҳои илмии хориҷӣ дар такя ба санаду далелҳо ҳарф зада сафи довталабони донишкадаро афзоиш медиҳанд.

Сафари гуруҳи корӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад.