БА МАРТАБАИ МАГИСТРӢ РАСИДАНД

Ҷашни саид дорад имрӯз ин дабистон,

Ин маскани умеду, ин кохи илму ирфон.

Ҳар лаҳза бар саид аст, ҳар лаҳза бас гуворост,

Гӯем хайрамақдам бар ҷашнамон азизон!

 

Дар толори Шурои олимон  маҷлиси тантанавии хатми магистрантони соли 2018-2019-ро ректори донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон оғоз намуда, хатмкунандагон, устодон ва меҳмононро  хайрамақдам гуфтанд.

Шуъбаи аспирантура ва магистратура яке аз самтҳои муҳими фаъолияти илмии донишкада  маҳсуб ёфта, барои тайёр намудани  кадрҳои илмӣ-педагогӣ  ва дар роҳи ноил гардидан ба тақвими пойгоҳи  илм аз ҳисоби мутахассисони донишкада  фаъолият  менамояд.

Дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар асоси фармоиш ва Иҷозатномаи 12.12.2016с. № 4859, фаъолияти таълимии зинаи таҳсилоти магистратура аз рӯи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:

  1. Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок(корҳои кушоди куҳӣ);
  2. Металлургияи металлҳои ранга;
  3. Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ;
  4. Таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ ва
  5. Технологияи мошинсозӣ

Магистратура қабулро соли 2016 оғоз намуда аввалин магистрантон ба миқдори 11 нафар магистратураро хатм намуда буданд. Соли 2017 бошад ба магистратура 30 нафар магистратон дохил шуда, алҳол аз ин миқдор 14 нафари онҳо бо муваффақият магистратураро хатм намуданд.

Ҳамчунин бо сухани  табрикотӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Насриддинов Замониддин Зайниддинович баромад намуда, лаҳзае фаро расид, ки магистрантон миннатдории хешро ба аҳли раёсат, омӯзгорону кормандон иброз намоянд. Аз ҷумла,  хатмкунандаи ихтисоси таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ Мавлони Абдулҳай ва  хатмкунандаи ихтисоси 510201 -02 Қосимов Илҳом Эҳсонҷонович ҳарф заданд.

Шуъбаи аспирантура ва магистратура дар оянда барои ҷалби бештари хатмкунандагон ба магистратура дар кори таблиғоти касбӣ, дар ташкил ва баргузории конференсияҳои илмӣ – амалӣ, мизҳои мудаввар ва семинарҳои илмӣ  кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

 

Мастура Валиева,

сардори шуъбаи магистратураи ДКМТ