БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ҲАМОИШИ ДОНИШҶУЁН БАРГУЗОР ГАРДИД

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бустон бо иштироки ҳайати устодону донишҷуёни Донишкадаи куҳи-металлургии  Тоҷикистон дар Боғи Парчами давлатӣ ба муносибати ба кор даромадани агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон, Пешво, Парчам, Роғун» ҳамоиши ҷавонони шаҳр  баргузор гардид.

 

 

Зимни ифтитоҳи ҳамоиши ҷавонон раиси шаҳри Бустон Раъно иброз намуд, ки «таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ифтихор доштан аз давлатдории навин мебошад. Бо ба истифода додани чархаи аввали НБО «Роғун», ки барои ҳар як фарди худшиносу худогоҳ мояи ифтихор аст, сатҳи зинддагии мардуми тоҷик беҳ гардида, таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон ба зиндагии шоиста ноил мегардад».

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ,аз ҷумла Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рӯҳияи ватанпарастиву ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон арзёбӣ гардид.