БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Дар Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ба ифтихори Рузи Президент тадбирхои маърифатӣ доир мегардад. Аз ҷумла бо ибтикори шуъбаи тарбия муаррифӣ намудани асархои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари факултетҳои донишкада идома дорад. Дар он омузгорони соҳибтаҷриба дар такя ба осори Пешвои миллат барои донишҷуён суҳбатҳои муфид доир намуданд.

Ҳамчунин дар толори хобгоҳи №3 бо иштироки мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ М.Аминҷонова, декани факултети корҳои куҳӣ Г.Самадова, мудири шуъбаи тарбия К.Азизов ва омузгорони кафедраи забонҳо Нурматова, Халифаева , Симоненко ва дигарон чунин маҳфили дилангез барпо гардид.

Шогирдон ҳамчунин оид ба НБО Роғун  ва аҳамияти таърихии он саволу ҷавоб доир намуданд.

 

 Шуъбаи иттилоотӣ