Дирӯз, тибқи шартномаи дуҷониба ва дар асоси амалигардонии лоиҳаи муштараки пажӯҳишӣ намояндаи Донишгоҳӣ Осиёи Марказӣ ба озмоишгоҳи кафедраи фанҳои табиӣ- илмии донишкада се таҷҳизоти муҳиму зарурӣ аз қабили мултигазоанализатор барои ташхису ченкунии 11 намуди газҳо, ченкунаки гази радеактивии Радон дар ҳавои атмосферӣ, Метеостансияи сайёрро тақдим намуд. Дастгоҳҳои озмоиширо мудири кафедраи фанҳои табиӣ- илмӣ, дотсент Ҳоҷиев Саидмуқбил қабул намуда мавриди коромадиашонро санҷид.
Ёдовар мешавем, ки дар суханронии хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ҷиҳати кам намудани газҳои гулхонаӣ таъкид намудаанд ва дар ин самт пажӯҳиш гузаронидан аз заруриятҳои муҳим мебошад.
Ҳоло озмоишгоҳҳои донишкада чунин имкониятро дорад, ки ин ҳам ба бахти пажӯҳишгарони донишкада аст.
Ёдовар мешавам, ки Ҳоҷиев Саидмуқбил яке аз ҷавонони муваффақ ва пешсаф дар ҷодаи илм буда, аллакай ҳамчун олими пажӯҳишгар чандин шогирдонро омода намуда, садҳо мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои бонуфузи байналмилалӣ ва дохилӣ ба табъ расонидаанд. Мақолаҳои илмияш ба ҷуз дар нашрияҳои илмии дохили кишвар боз дар нашрияҳои илмии давлатҳои Амрико, Австралия, Олмон, Шведсария, Норвегия, Русия, Белорусия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Гурҷистон ва ғайра ба табъ расидаанд, ки ин ҳам дастоварди беназир мебошад.
Ҳоҷиев Саидмуқбил бо забонҳои русӣ ва англисӣ озодона ҳарф зада, мақолаҳояшро низ ба ин забонҳо менависад.