БА ДАРСИ СУЛҲ ОҒОЗ ЁФТ РӮЗИ ДОНИШ

Раёсати донишкада баҳри дар сатҳи баланд ташкилу гузаронидан ва таӌлили Рӯзи дониш тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуд. Дар арафаи оғози соли хониш-дарси сулҳ дар толорҳо ва синфхонаҳои таълимӣ навиштаӌоту овезаҳои ӌашнӣ насб карда шуданд. Толори маӌлисгоҳ, шӯрои олимон барои пахши мустақими телевизиони суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо воситаҳои техникӣ муӌаҳҳаз гардонида шуданд.

Субҳи барвақти 1-сентябр ҳайати устодону донишӌӯён бо руҳияи болидаи идона ба донишкада ҳозир шуда, суханронии Пешвои миллатро бахшида ба оғози соли хониш ва Рӯзи дониш дар Донишкадаи давлатии тиббии Точикистон ба номи Абуали Ибни Сино тариқи пахши мустақим дидаву шунида таассуроти бузург бардоштанд.

Баъди намоиши мустақими телевизиони бахшида ба таӌлили Рӯзи дониш ӌамъомади тантаниваии ӌомеаи меҳнатӣ баргузор гардид.

Ҷамъмадро ректори донишкада бо сухани ифтитоҳи оғоз намуда роӌеъ ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон, ғамхории беназири Хукумати Ҷумхурӣ нисбати зиёиён сухан ронда оид ба дастовариди донишкада дар соли хониши 2017-2018 ва вазифаҳои навбати дар соли хониши 2018-2019, ки аз дастуру супорпишҳои Сарвари давлат бахшида ба Рӯзи дониш бар меоянд, суханрони намуд.

Дар ӌамъомади тантави намояндаи МИХД-и вилояти Суғд Шарифзода табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раӌаббой Аҳмадзодаро бахшида ба Рӯзи Дониш ва дарси сулх қироат намуд.

Намояндаи МИХД-и шахри Бӯстон, ӌонишини расиси шахр Қаюмзода ….табрикоти Раиси шахри Бустон муҳтарама Ҳошимзода Раъно ва намояндаи ВС ва ТН ҶумҲурии Тоӌикистон  дар вилояти Суғд  Шамсиева Наргиса табрикоти Вазорати исаноат ва технологияи нави ЧТ муҳтарам Шавкат Бобозодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Дар ӌамъомади тантанавӣ ба 6 нафар хатмкунандагони соли 2018 дипломи аъло дар вазъи тантанави супорпида шуд.  

Сипас, чун анъана калиди ракмзии донишкадаро хатмкунанда Ҳошимова Фарзона ба донишчуи бахши 1 Раҳмонов Бобоӌон супорид.

Баъди анӌоми ӌамъомад дар синфхонаҳои таълими дарси сулҳ оғоз ёфт.

Ҳамин тавр, тачлили Рӯзи дониш–дарси сулҳ дар донишкада бо шукргузори аз файзи Истиқлолу Вахдати миллӣ дар руҳияи баланди идона доир гардид.

 

Шуъбаи иттилоотӣ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

нуҳ + 19 =