Дар ин шабу рӯзҳо, ки шабакаҳои иҷтимоиро гурӯҳҳои ифодаи характери маҳалгароӣ дошта, пур кардааст, хеле нигарон ҳастам. Чаро, ки амалҳои солҳои 90-уми асри гузашта, маҳз чунин сар зада буд ва сипас аз ин ҳол душманони миллат истифода намуданду ҷангеро бар сари миллати мо таҳмил намуданд. Аз ин хотир ба ҷавонон ва барнодилону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ тавсия медиҳам, то дар ин масъалаҳо эҳтиёткор бошанд. Аксаран душманону хоинони миллат ба мисли наҳзатиёну диишиҳо аз истифода намуда, навиштаҳои ғаразнокро дар ин гурӯҳҳо ба чоп медиҳанд, ки сабабгори бадбиниву бадхоҳиҳо дар ҷомеъа мегардад. Албатта, тавсифи манзараву табиати дилфиреби маҳал хеле хуб аст, аммо бояд бо назардошти одоб ва маданияти муосир тарғиб карда шавад. Гӯшаву канори Тоҷикистон дилфиребу зебост ва бояд ҳамеша таблиғ шавад. Ин хуб аст, аммо агар дар ҳолатҳои дигар дар ин масъала баҳсҳо сар бизананд, беҳтар аст, ҷавонон аз ин худдорӣ намоянд. Ба ҳамин хотир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба баҳс руҷӯъ намудани афроди мухталиф аз номи маҳаллҳо характери маҳалгароӣ дорад ва бояд пеши роҳи инро гирифт, то душманон аз он истифода нанамоянд.
Парвизи Машҳур – омӯзгор