БАЁНИЯИ ЗОИРОВ, ТАЛОШ БАРОИ НООРОМ КАРДАНИ ҶОМЕА АСТ

Баёнияи Раҳматилло Зоиров роҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки дар фейсбук нашр шуд, далели саросемагӣ ва ё худ як навъ гурез аз воқеияти ҳизбаш ё ба ибораи дигар аз ҳолати шармсорияш аст. Зеро Р.Зоиров қабл аз интихобот ҳам ҳамин масъаларо мебардошт ва бештар аз минбари фаъолаш фейсбук истифода мекард, аммо ин ки ҳоло ӯ мехоҳад дар панҷ минтақаи кишвар гирдиҳамоӣ ташкил кунад, аллакай як навъ кӯшиши ноором кардани ҷомеа ва субботи кишвар мебошад.

Он ки Р. Зоиров даъво пеш меорад, ки дар интихобот ҳизбаш пирӯз нашуд, як сафсата аст. Зеро ҳизбе, ки аъзои кофӣ надорад ва тарафдор ҳам надорад, чӣ тавр метавонад ба парлумон роҳ ёбад???

Ҳамчунин Раҳматилло Зоиров дар расонаҳо ҳам борҳо вокуниши жожгуна нишон дод ва ҳоло дигар баҳонаашро тағйир додааст. Ӯ аз ҷумла дар баёнияаш гуфтааст: “ҳизби ӯро ба тарсуӣ муттаҳам накунанд, чун ба ҳар гуна шиорҳо дода нахоҳанд шуд…… Вай илова кардааст, агар мақомот ба аризаи онҳо ҷавоби рад диҳанд, он вақт “дурнамо ва тарзи нави муборизаи сиёсиро пеш хоҳанд гирифт”.

Яъне Раҳматилло Зоировро парвои оромиву субботи ҷомеаро надорад, балки думболи ҳадафҳои сиёсӣ ва барномаҳои душманонааш аст. Зеро чанде қабл, ҳатто хоинони миллат ҳам бо нашри баёнияҳо аз Ҳизби Зоиров дастгирӣ карданд ва Раҳматилло Зоировро ҳамтои худ хонданд, ки ин албатта хеле нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Зеро Раҳматилло Зоиров аз рӯзи аввал натавонист дар интихобот ширкат кунад ва орои бештареро соҳиб шавад. Ҳамон ҳизбе метавонад соҳиби раъйи бештар гардад, ки барномаи мувофиқ ба талаби замон ва дардхӯрӣ мардум дошта  бошад. Ва мо ҳамин чизро дар интихобот бо чашми сар дидем. Аммо Ҳизби сотсиал-демократи Зоиров чӣ барномаеро барои ҷомеа пешниҳод кардааст, ки дар ҳифзи арзишҳои миллӣ дарҷ шуда бошад?

Оё Раҳматилло Зоиров воқеан ҳам раиси ҳизб аст ва ӯҳдадориҳои як ҳизбро дар назди ҷомеа медонад?

Сониян Раҳматилло Зоиров бо он гунае, ки дар расонаҳо навиштанд чӣ тавр метавонад шарм накарда дар назди миллат сухан кунад, вақте ки бо душманони миллати  тоҷик наҳзатиён ҳамнишинӣ мекунад??!!!

Ҳоло ин тақозои Раҳматилло Зоировро як баргаи шармандагӣ аз нишони Ҳизби ӯ номидан мумкин аст, зеро мо хуб медонем, ки 6 ҳизби сиёсии дар кишвар амалкунанда аллакай соҳиби раъйи худ шуданд ва бар парлумон роҳ ёфтанд ва ҳамчунин раисони ин ҳизбҳо аз шаффофияти интихобот дар кишвар сухан ронданд.  Лек Раҳматилло Зоиров бошад, заъфи худашро рӯпӯш намуда, кӯшиш мекунад, ки гуноҳро ба сари дигарон занад.

Аммо ҳақиқат ин аст, ки мардум медонанд ва дарк мекунанд, ки Ҳизби сотсиал-демократ ягон барномаи комил барои ҷомеа пешниҳод накардааст ва дар навоҳии кишвар ҳам он қадар тарафдор  надорад. Пас чӣ гуна мешавад аз ин гуна як ҳизби заиф бо муболиға қаҳрамон сохт???

Он ки ӯ даъвои гирдиҳамоӣ мекунад боз ҳам навъ талош барои ноором карданӣ ҷомеа мебошад. Зеро мо хуб медонем, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва дигар созмонҳои ифротӣ аз Раҳматилло Зоиров пуштибонӣ мекунад ва албатта ин ҳамкории Зоиров бо хоинони миллати тоҷик як навъ хиёнат низ ба миллат мебошад.

Ҳоло ҳеҷ кас нагуфтааст, ки раиси ҲСДТ тарсу аст ва ин гуна навиштани Зоиров ҳам як навъ баҳона ва ё худ ҳамон макри сиёсӣ мебошад, ки ӯ аз наҳзатиёни ҳамтояш омӯхтааст.

М. Абдусаломв

Омӯзгори ДКМТ