Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус љузъи таркибии Донишкадаи кӯњию металлургии Тољикистон буда, тибќи Оинномаи донишкада ва Низомномаи раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, ки дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тањсилоти олии касбї ва тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї», «Низомномаи намунавї оид ба муассисаи таълимии тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон» ва дигар санадњои меъёриву њуќуќии соњаи маориф, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шартномаи коллективии донишкада амал намуда, дар фаъолияти кори хеш меъёрњои амалкунандаи њуќуќї ва фармоишњои ректори донишкадаро ба роњбарї мегирад.
Сохтори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
- Сардори раёсат
- Мутахассиси ҳайати кормандон
- Мутахассиси ҳайати донишљўён
- Ҳуқуқшинос
- Нозири шуъбаи 2
- МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ РОҶЕЪ БА РАЁСАТ
- Фаъолияти раёсатро дар шакли возеҳу равшан фаро гирад, ки муҳимтарини онҳо:
- аз ташкили кор барои интихоби кадрҳо, ҷобаҷогузорӣ, истифодаи мутахассисону кормандон;
- созмони такмили ҳайати кормандони доимӣ;
- ташкили захираи кадрҳо;
- созмони системаи ҳисоби кадрҳо.
- Дар тартиби коркарду тасвиби сохтори раёсат, ҳайати кормандон, самтҳои мушаххаси фаъолият ва қисмҳои ба раёсат вобасташуда нишон дода мешавад.
- Дар раёсат вазифаҳо уҳдадориҳои соҳаи кори кадрҳо баррасӣ мешавад, ки онҳо аз ҷумла чунинанд:
– коркарди нақшаҳои такмилсозии кадрҳо вобаста ба барномаи рушди муассиса;
- мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим даровардани қабули кормандон, гузариши онҳо ба кори дигар ва озод кардани онҳо аз кор;
- баҳисобгирии ҳайати кормандони донишгоҳ;
- нигаҳдорӣ ва пур кардани дафтарчаҳои меҳнатӣ, танзими ҳуҷҷатҳои коргузорӣ;
- назорат аз болои роҳбарони сохторҳо роҷеъ ба иҷрои фармоишу супоришҳо дар робита ба кори ҳайати кормандон;
- омӯзиши ҳаракати кадрҳо, баррасии озодшавии кадрҳо аз кор, коркарди чорабиниҳо барои рафъи он;
- таҳқиқи ҳайати кормандон ва кори мутахассисони сохторҳо бо мақсади самаранок истифода бурдани онҳо;
- ташкили шароит барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва тахассуси мутахассисон;
- кор дар самти ташкили ҳайати захиравӣ барои пешбарӣ;
- омодасозии пешниҳодҳо барои беҳбудии ҷо баҷокунӣ ва истифодаи кормандон;
- таҳияи ҳуҷҷатҳои кормандон ва мутахассисони донишкада барои ҷоизаю мукофотҳо;
- чораҷӯӣ барои бо кор таъмин шудани кормандоне, ки аз вазифа сабуқдӯш шудаанд;
- назорат ва шарҳу фаҳмондадиҳии кормандони раёсати кадрҳо ва корҳои махсус;
- назорати низоми корӣ ва қоидаҳои дохилии тартиби корӣ;
- таҳияи гузориш роҷеъ ба масъалаҳои кадрӣ.
Вазифадории раёсати кадрњо ва корҳои махсус
- Вазифаҳои сардори Раёсат:
- кори баҳисобгирии кадрҳо ва тартиб додани ҳуҷҷатгузории кадриро амалӣ намояд;
- кори ташкил ва тайёр намудани захираҳои кадрҳои донишкадаро ба роҳ монад;
- ҳуҷҷатгузорӣ дар бахши қабул ба кор, гузаронидан ба кори дигар ва ё озод намудани кормандонро ба роҳ монад;
- саривақт гузаронидани аттестатсияи кормандонро таъмин намояд;
- санадҳои заруриро барои комиссияҳои тахассуси аттестатсионӣ ва озмунӣ омода намояд;
- ҳайати кадрҳоро мунтазам таҳлил намояд ва маълумоти дахлдорро ба Раёсати донишкада оид ба вазъи кор бо кадрҳо пешниҳод намояд;
- назоратро аз болои интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнат анҷом диҳад;
- сардори Раёсат ба ректори донишкада итоат намуда, супоришҳои ӯро иҷро менамояд, саривақт (на камтар аз ду маротиба дар як сол) оид ба вазъи кори раёсат ба Шурои олимон ҳисобот пешниҳод менамояд ва тибқи тартиби муқарраршуда барои кор бо кадрҳо дорои ҷавобгарии шахсӣ мебошад.
- ташкил ва пешбурди парвандаҳои шахсии кормандонро доир ба ворид намудани тағйирот вобаста ба фаъолияти меҳнатиашон анҷом диҳад;
- дуруст тартиб додан ва ҳифзи маълумоти баҳисобгирии парвандаи шахсӣ ва дафтарчаҳои меҳнатиро таъмин намояд;
- ҳисобот ва таҳлили мунтазами корро аз рӯи сафарҳои хизматӣ ва ба рухсатии меҳнатӣ баромадани кормандон пеш барад;
- омода намудан ва супоридани маводҳоро ба бойгонӣ таъмин намояд.
- дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои маъмурӣ- идоракунӣ, илмӣ, омӯзгорӣ, муҳандисӣ – техникӣ, ҳайати ёрирасону хизматрасонӣ, таълимӣ ва хоҷагидорӣ ёрӣ мерасонад;
- дар мувофиқа бо роҳбарони сохторҳои марбута интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории кормандони маъмурию идорӣ, муҳандисӣ техникӣ, таълимию ёридиҳанда ва хизматрасонӣ;
- расонидани кумак ба сохторҳои донишкада баҳри мустаҳкам намудани интизоми меҳнатӣ ва риояи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- додани шаҳодатномаҳои шахсӣ ва маълумотномаҳо ба кормандони донишгоҳ;
- омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои кормандони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ.
- бақайдгирӣ, қабул, ҷойивазкунӣ ва аз кор рафтани кормандони тамоми сохторҳои муассиса, инчунин омода сохтани ҳуҷҷатҳои лозимии кормандон барои тасдиқи вазифаҳо;
- омода сохтани парвандаҳои шахсӣ барои кормандони илмӣ – омӯзгорӣ, дигар сохторҳои донишгоҳ ва маълумотномаҳои зарурӣ дар бораи онҳо;
- бурдани ҳисоби инфиродӣ ва омории кормандони тамоми сохторҳои донишкада мувофиқи шакли муқарраргардида ва усулҳои такмилёфтаи коркарди маълумот;
- тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кормандоне, ки ба сафари хидматӣ фиристода мешаванд;
- ҷорӣ намудани дафтарчаҳои меҳнатӣ ва ҳисоби онҳо;
- тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои муқаррар намудани нафақаи кормандони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи иттифоқи касаба.
Мутахассиси ҳайати кормандон
– танзими номгуи ишғоли вазифаи ҳама категорияи кормандони донишкада;
- таxдиди назари фармоишҳо оид ба масоили кадрҳо;
- коргузории парвандаҳои шахсии кормандон, ҳаракати варақчаи Т-2, қайд дар дафтарчаи меҳнатӣ оид ба тағйироти вазифа, сабти он дар дафтар;
- додани шаҳодатномаи шахсӣ, справка ба кулли кормандон;
- омодасозии ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои таъини нафақа ба кормандони Донишкада;
- ҳамроҳӣ дар кори тақсимоти мутахассисони ҷавон ва супоридани дипломи хатмкунӣ ва замимаварақи он;
- муқарраркунии собиқаи (стажи) меҳнатӣ ҳангоми танзими варақаи беморӣ;
- омодасозии парвандаҳои шахсии кормандони сабукдушшуда барои супоридан ба бойгонӣ;
- танзими ҷадвал ва фармони рухсатии кулли ҳайати Донишкада;
- тайёр кардани шафоатнома барои супоридани нишони «Собиқадори меҳнат» ба кормандони Донишкада;
- ҳисоби мукофотҳои ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкада;
- омодасозии парвандаҳои ҳайати профессорону муаллимон барои интихоб ва азнавинтихобшавӣ.
- таҳияи фармоишҳои ҳайати кормандон ва донишҷӯён
Мутахассиси ҳайати кормандон
– танзими номгуи ишғоли вазифаи ҳама категорияи кормандони донишкада;
- таҷдиди назари фармоишҳо оид ба масоили кадрҳо;
- коргузории парвандаҳои шахсии кормандон, ҳаракати варақчаи Т-2, қайд дар дафтарчаи меҳнатӣ оид ба тағйироти вазифа, сабти он дар дафтар;
- додани шаҳодатномаи шахсӣ, справка ба кулли кормандон;
- омодасозии ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои таъини нафақа ба кормандони донишкада;
- ҳамроҳӣ дар кори тақсимоти мутахассисони ҷавон ва супоридани дипломи хатмкунӣ ва замимаварақи он;
- муқарраркунии собиқаи (стажи) меҳнатӣ ҳангоми танзими варақаи беморӣ;
- омодасозии парвандаҳои шахсии кормандони сабукдушшуда барои супоридан ба бойгонӣ;
- танзими ҷадвал ва фармоиши рухсатии кулли ҳайати донишкада;
- ҳисоби мукофотҳои ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада;
- омодасозии парвандаҳои ҳайати профессорону муаллимон барои интихоб ва азнавинтихобшавӣ.
Мутахассиси ҳайати донишяҷуён
Ба ҳар як парвандаи шахсии донишҷӯён духтани нусха аз фармоиши донишкада дар таҳти рақам ва санаи фармоиш оид ба ҳайати донишҷӯён қабул шудани довталаб;
- ба ҳар як факултаҳои Донишкада вобаста шудани нозирони масъул оиди кор бурдаи бо фармоишҳои воридгашта;
– танзими руйхат, парвандаҳои шахсии донишҷӯён мувофиқи факултаву гуруҳҳо;
- ба гуруҳҳо тақсим кардани парвандаи шахсии донишҷӯён бо зикри ихтисос;
- дида баромадани фармонҳои доир ба шуъба (рузона ва ё ғоибона) қабул шуда;
- таҷдиди назар ба фармонҳои ҳайати донишҷӯён, қайди саривақтии ҳар гуна тағйирот;
– ҳисоб, танзим ва супоридани шаҳодатномаи донишҷӯӣ ва дафтарчаҳои санҷишии донишҷӯён;
– танзими справкаҳои академӣ ва додани онҳо;
– танзими парвандаҳои шахсии хатмкардагон, хориҷшудагон барои супоридан ба бойгонӣ дар асоси фармоиш.
НОЗИРИ БАХШИ ДУЮМ
Ӯҳдадор аст:
- роҳбарӣ ва ташкилӣ баруйхатгирии даъватшавандагони факултаҳо;
- барои комисириати ҳарбӣ ва шуъбаи 2-ум таҳия намудани руйхати донишҷӯёни навдохилшуда (курси 1);
- тартиб додани руйхати донишҷӯёни ба қайд намонда;
- хабардор намудани деканҳои факултаҳо оид ба ҳозир нашудани донишҷӯён-даъватшавандагон барои ба қайдгузарӣ аз руи нишондоди комиссириати ҳарбӣ.
- қабули телефонограммаҳои комиссириати ҳарбӣ оид ба масъалаҳои зарурӣ;
ҲУҚУҚШИНОС
Ба номгӯи вазифаҳои хизматии ҳуқуқшинос дохил мешаванд:
- аз воҳидҳои сохтории донишкада ва сохторҳои ҳудудии дахлдори он маълумот ва маводҳои барои иҷрои босифат ва саривақтии уҳдадориҳои вазифавӣ зарурро бо тартиби муқарраргардида гирад;
- аз махзани маълумоти дар ихтиёри воҳидҳои сохтории донишгоҳ ва сохторҳои ҳудудии он қарордошта истифода намояд;
- дар доираи ваколатҳои худ дар баррасӣ ва қабули қарор аз рӯйи масъалаҳои ба уҳдадориҳои вазифаи ӯ дахлдошта иштирок намояд;
- тайёр намудани ҳуҷҷатҳои даъвои аз номи донишкада ба судҳо аз рӯи самти музокирот ва иштирок дар маҷлисҳои судҳои иқтисодӣ ва судҳои умумӣ аз номи донишкада;
- маводи дар ихтиёри донишкада қарордоштаро омӯзад;
- дар бораи таҳия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ё беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дохилии ба фаъолияти донишкада дахлдошта, таклиф пешниҳод намояд;
- дар гузаронидани ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба иштирок намояд;
- кор ба почтаи электронӣ, қабул ва ҷавоб ба мактубҳо.
- бо лоиҳаҳои қарорҳои роҳбарияти донишкада ва шуъбаҳо, ки ба фаъолияти ӯ дахл дорад, шинос гардад;
- аз рӯйи иҷрои қарорҳои ҷаласаи Шурои олимон, ҷаласаи раёсат, фармоишҳои ректор, назорат бурда, аз рафти иҷрои онҳо ба ректор гузориш омода намояд;
- лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз тарафи дигар мақомоти давлатӣ барои мувофиқа пешниҳод карда шудаанд, мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар ҳайати раёсат баррасӣ намуда, хулоса омода намояд;
- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои методии омоданамудаи дигар воҳидҳои сохтории донишкадаро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо ҳайати раёсат баррасӣ намуда, хулоса омода намояд;
- дар санҷиши фаъолияти воҳидҳои сохтории донишгоҳ ва сохторҳои ҳудудии он оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ соҳа иштирок карда, аз натиҷаи санҷиш ҳисобот манзур намояд;
- муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ намуда, ҷавоб омода намояд;
- фаъолияти ҳамоҳангсозиро бо мақомоти дахлдор ба роҳ монад;
- бо супориши ректор дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои донишгоҳ ва берун аз он иштирок карда, ба раёсат гузориш ва ҳисобот пешниҳод намояд;
- оиннома, қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳро риоя намояд;
– барои омоданамоии лоиҳаҳои низомнома, дастурамали вазифавӣ, мактубҳо, пешниҳодҳо, фармоиш ва ҷадвалҳои навбатдорӣ маслиҳат диҳад.
талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи донишгоҳ, Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии донишгоҳ, Низомномаи раёсати илм, Дастурамали мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, шартномаҳои коллективӣ ва санадҳои меъёрии дохилиро риоя намояд.