Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи геология сеюмин конференсияи анъанавии байналмилалии илмӣ- амалӣ таҳти унвони “Рушди саноати миллӣ ва геологияи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар” бо ширкати олимону омӯзгорон аз дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид.
Конфронсро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзи геология табрику таҳният гуфта, сипас роҷеъ ба рушди илми геология, саҳми олимони тоҷик дар рушди геология, омада намудани мутахассисони соҳаи геология дар донишкада сухан ронда, изҳор дошт, ки бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз ва ғамхориву талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аксарияти соҳаҳо рушду тараққӣ намуда истодаанд, ки инро метавон як навъ давраи расидан ба ормонҳои дерини миллӣ номид.Ёдрас шудан зарур аст, ки геология дар замонҳои қадим низ дар сарзамини тоҷикон шуҳрат дошт ва олимони бузурги мо роҷеъ ба ин соҳа асарҳои зиёде офаридаанд…
Сипас, дар қисмати ифтитоҳӣ ба тариқи онлайн мудири кафедраи геологияи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ доктор Муҳсин Муаззин, директори донишкадаи геологияи Британияи Кабир Карен Ҳенгоҷ, директори Донишкадаи геология ва корҳои нафту гази шаҳри Киркуки Ҷумҳурии Ироқ номзади илмҳои техникӣ Муҳаммад Ҷавод Зайналобиддин, ректори Донишгоҳи давлатии геологӣ иктишофии ба номи Серго Орҷоникидзе Панов Юрий Петрович, профессори Донишгоҳи илмҳои табии Норвегия Харша Ратнавира, геологи раёсати корҳои геологӣ- иктишофии филиали ҶДММ “Лукойл- инжиниринг” дар шаҳри Тюмен Мартинов Александр Сергеевич низ баромад намуданд.
Ҳамчунин, дар конфронси имрӯза дар қисмати ифтитоҳӣ сармуҳаррири рӯзномаи “Согдийская правда” Зокирҷон Исҳоқӣ, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии муҳандисӣ ва агротехнологияи Термизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Наҷмиддинов Аслиддин, профессори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ Мукеш Сингх Бурӣ, муҳандис- эколог дар Донишгоҳи касбии техникии захираҳо ва муҳити зисти шаҳри Ланжоу Биэ Вэй суханронӣ намуданд.
Бо ташаббуси кафедраи геология ва корҳои нафту газ ҳамзамон дар қисмати ифтитоҳӣ викторина гузаронида шуд, ки се нафар аз байни ширкаткунандагон ғолиб омаданд.
Зимни баргузории чорабинӣ байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии муҳандисӣ ва агротехнологияи Термизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба як қатор ширкаткунандагон ва ихтиёриён Сертификати тақдим карда шуд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳини анҷоми қисмати ифтитоҳии конфронс ба мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ олими ҷавон Мирбобоев Шӯҳратҷон ҷиҳати баргузор намудани ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ёдрас мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ баргузор карда шуд.