Чорабиниро нахуст декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолидин ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади муҳим ва роҳнамо барои сохтани ояндаи дурахшони миллат мебошад.
Ҳамчунин, дар мизи мудаввар ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Толибзода Мухторҷон, муовини декани факултети электромеханика Саидов Анварҷон, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоӣ Абдуллоев Икром ва дигар омӯзгорону кормандон суханронӣ намуда, роҷеъ ба Паёми мазкур андешаҳои ҷолиб ироа намуданд.