БАХТИ МИЛЛАТ ДАР ИТТИҲОД АСТ

Кишвари мо дар роҳи саодат аст, ки мардум бо зимомдорони худ якдилу якҷиҳат мебошанд ва ҳаммаи ин дасисабозиҳои ҳизбҳои сиёсии ғайри қонунӣ дар пеши иттиҳоди мардум ҳеҷ аст.

Танҳо неъмате, ки ба ранҷи зистан меарзад, озодист. Озодӣ барои мардуми тоҷик дар асоси истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба даст омадааст. Озодӣ дар ҳар кишваре мутаносиб бо тамаддуни он кишвар аст. Тоҷикон дар оинаи таърих ҳамчун миллати бо фарҳанг ва озодихоҳ ҷило медиҳанд. Садри миллати мо сарчашмаи озодӣ ва хушиҳост ў буд, ки мо ба неъмати зистан, ки озоди аст расидем.

Ҷомеъаи имрўзаи ҷаҳониро хатарҳое фаро гирифтанд, ки боиси аз байн бурдани халқу миллатҳо мегарданд. Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон бо таъсис додани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо мехоҳанд байни худ тақсим намоянд неъматҳои моддиро ва амалӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсии худ дар ҳудудҳои давлатҳои алоҳида низоъро ба миён меоваранд. Авҷ гирифтани ифротгароӣ ва терроризм ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Имрўзҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари моро низ ба ташвиш овардааст ин терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар асри 21 ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин модди маънавӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Имрўзҳо ифротгароён такя ба дин карда, барои худ манфиат меҷўянд, ки ин хиёнат ҳам ба дин асту ҳам ба халќу ҳам ба давлат. Манфиатталош ғами миллат нахурад.Инсонҳоро мекушанд, на аз барои дин, балки барои барќароркардани ҳукми худ.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолият, инчунин фаъолияти бо дин рўйпўш кардашудае аст, ки ба таври зўровари ғасб намудани ҳокимият, халалдор намудани оромии ҷомеа бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки Ислом сўйи истифода намуда даст бар қатли бузургону тифлон мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.

Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи ифротгароён миёни мардум паҳн намудани ақидаҳои худ мебошад. Онҳо пеш аз ҳама ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда,  зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гўё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш  гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористї, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд. Мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодї, амниятӣ  ва башариву фарҳангӣ  дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Ифротгароёнро мебоист, ки ба умеди фикр, кўшиш ва ањлии миллати худ бошанд на интизори бахтории бегонагон ба миллат. Сазои хиёнат ба ватан агар ба дасти дўст дода нашавад ба дасти душман дода хоҳад шуд.

Бахти миллат дар иттиҳод аст, бахти ҳар кас ифтихори миллат мебошад. Ифротгароёнро зарур аст, ки барои пешравии миллати худ коре кунанд на он ки сафсата гўйӣ кунанд.

Ҳамаи инсоният меваҳои гуногунтаъми як дарахтанд, пас ин ҳама амалҳои ғайри инсонӣ ба манфиати шахсони алоҳида роҳандозӣ мегардад.

Ҳар кас, ки аз бадкирдорї ва мардумозорӣ бок надошта бошад, ба пастии худ эътироф кардааст. Аз ин ваҷҳ  инсон бояд пайваста ба коре талош кунад, илм омўзад заҳмат кашад ва дар беҳбудии зиндагии хеш ва ҷомеа саҳм бигирад. Рўзгор якеро нармдил, дигарро сангдил кунад, офариданро омўзед ва ба пои хеш роҳ рафтанро ёд гиред на он ки зимоми миллати худро ба дасти аҷнабиён диҳед то ки аз сазовори зиндагии шоиста бебаҳра намонед.

 

Сарвар Дўсталиев, ассистенти кафедраи  Таҷҳизот  ва технологияи мошинсозии   Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон