ДУШАНБЕ, 18.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар солҳои 2022–2026-ро Солҳои рушди саноат эълон карданд.
Дар робита ба ин ташаббуси Сарвари давлат дар зер андешаҳои Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ пешниҳоди хонандагон мегарданд.
-Ҷаҳони имрӯза ва фазои иқтисодии зуд-зуд тағйирёбандаи минтақа моро ҳар лаҳза водор менамояд, то барои рақобатпазир сохтани иқтисодиёти миллӣ талош намоем. Ҳоло мамлакатҳои абарқудрат талош доранд бо ҳар роҳе, ки набошад, дар бозори ҷаҳонӣ рақобатро нигоҳ доранд ва худ пешгом бошанд. Дар ин замина моро зарур меояд, ки барои рақобатпазир гардидани иқтисодиёт ва фароҳам гардидани ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем. Ҳамин аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чаҳоруми миллӣ эълон карда шуд. Саноатикунонии босуръати мамлакат барои аз мушкилиҳои иқтисодӣ вораҳонидану таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷойи кор ва ҳамзамон ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ мусоидат менамояд, ки ин бисёр имконияти хуб ва саривақтӣ барои рушди соҳа мебошад.
Тоҷикистон аз лиҳози дороиҳои табиӣ хеле бой буда, кӯҳҳои сар ба афлокаш аз маъданҳои мухталиф ғаниянд. Ин барои ифтитоҳи корхонаҳои саноатӣ ва истифода аз ин маъданҳо мусоид мебошад. Истифода аз маъданҳо ба мо имконият медиҳад, ки аз як тараф хостаҳои иҷтимоии шаҳрвандон бароварда шаванд ва аз ҷониби дигар, норасоии маҳсулоти бозории ватанӣ таъмин гардад.
Тоҷикистон барои ба даст овардани фоида аз фаъолияти корхонаҳои соҳавӣ дар самти саноати сабук ва саноати вазнин имконияти васеъ дорад ва ба кор андохтани корхонаҳои соҳавӣ дар ин давра хеле муфид мебошад.
Бояд гуфт, ки бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ бо ҷалби сармоягузорони ватанӣ хеле муфид буда, сармоягузорон бо харҷи андак метавонанд фоидаи бештар ба даст оваранд. Чунки иқлими пешгӯишавандаи иқтисодии минтақа ниёзмандии минтақаро ба маҳсулоти хом ва ҳатто нимтайёр пешбинӣ намудааст, ки ҳатто бо заҳмати андак низ сармоягузор метавонад дар давраи кӯтоҳ суд ба даст оварад. Ва агар сармоягузорон маҳсулоти омодаро ба бозор бароранд, фоидаи даҳчанд мебинанд. Аз ҷониби дигар, саноатикунонии босуръати мамлакат ба чанд омил мусоидат менамояд, ки аз ин ҳам маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баланд мегардад ва ҳам ниёзмандии ҷомеа аз бозори берунӣ коҳиш дода шуда, имконияти бештар барои такмил ва тағйиру идораи бозори соҳавӣ фароҳам меояд.
Ҳамаи ин талошҳо баҳри зиндагии шоистаи мардум нигаронида шуда, саноатикунонии мамлакат аз барномаҳоест, ки барои беҳбуд ёфтани вазъи зиндагии мардум рӯи даст гирифта шудааст ва ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои болотар аз имрӯз дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барномаи мукаммал пешниҳод карда шудааст.
Барои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ роҳбарони корхонаҳои саноатиро зарур аст, ки равобити худро бо олимон бештар созанд ва дар сурати татбиқ гардидани илм дар истеҳсолот метавонанд ба натиҷаҳои баланд ноил гарданд. Неруи зеҳнӣ ва таҷрибаи илмӣ ба саноатчиён ва соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ имкон медиҳад, ки оқилона аз сарватҳои зеризаминӣ истифода намоянд.
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои омода намудани мутахассисони варзида дар соҳаи саноат имрӯз аз рӯи зиёда аз 18 ихтисос мутахассис омода менамояд ва бо зиёда аз 74 корхонаи саноатии ҷумҳурӣ ва 47 муассисаҳои олии берун аз ҷумҳурӣ ҳамкорӣ дорад. Ҳоло дар 13 корхонаи саноатии вилояти Суғд филиалҳои кафедраҳо фаъолият доранд, ки донишҷӯён дар онҳо дарсҳои амалӣ мехонанд ва давраи таҷрибаомӯзиашонро баргузор менамоянд. Имсол дар донишкада 7 ихтисоси нав таъсис ёфта, дар нақша аст, ки имсол ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ тавсеа ёбад.
Феълан хатмкунандагони донишкада дар бузургтарин заводу фабрика ва дигар бахшҳо фаъолият доранд. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон метавонад мутахассисонеро барои соҳаи саноат омода намояд, ки тавонанд бо донишу малакаи баланд дар рушди саноати мамлакат саҳм гузоранд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»