Имрӯз дар толори Шурои олимони донишкада бо ширкати ҳайати роҳбарикунандаи донишкада, ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ нахуст дар бораи масъулияти омӯзгорон дар тарбияи насли ҷавон сухан ронда, аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маориф ёдрас шуда, таъкид намуд, ки вазифаи мо омӯзгорон ин аст, ки ба пешаи худ содиқ бошему донишҷӯёнро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия намоем. Ҷомеа аз мо мутахассиси кордон ва забондону хештаншиносро интизор аст ва мо бояд содиқона ин масъулияти худро иҷро намоем. Ҳар як омӯзгор бояд дар самти амалӣ намудани сиёсати Роҳбари хирадманду маорифпарварӣ кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф худро масъул ва вазифадор бишуморад…
Ҳамчунин, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба вазифагузориҳо дар ҷаласа сухан ронда, иҷрои дастуру супоришҳои ҷаласаи қаблиро пурсон шуд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар ин нишаст ба деканҳо, мудирони кафедраҳо оид ба иҷрои барномаҳои давлатӣ , барномаҳои таълимӣ, консепсияхо, нақша- чорабиниҳо супориш дода, иҷрои ҳатмии бандҳои дахлдорро талаб намуд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳор дошт, ки омода аст, ҳамарӯза омӯзгорону профессоронро қабул намуда, ҷиҳати пешрафти таълиму тарбия ва корҳои илмӣ мусоидат намояд. Мавсуф, иброз дошт, ки то қадри тавону имкон талош менамояд, то баҳри пешрафти таълиму тарбия, рушди корҳои илмиву пажӯҳишӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор саҳми хешро гузорад.
Зимни ҷамъбасти ҷаласа ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ҳозирин муроҷиат карда гуфт, ки агар нафаре бемор бошад, ниёзе ба табобат ё доруворӣ дошта бошад, ҳамчун роҳбари ғамхори донишкада кӯмаки хешро мерасонад ва доим кӯшиш ба харҷ медиҳад, то доимо ғамхори кормандону донишҷӯён бошад.