Бас аст гирдиҳамоӣ!

Вокуниш оид ба тазоҳуроти неруҳои мухолифини тоҷик ба гирдиҳамоӣ дар назди сафорати Тоҷикистон  дар Берлин.

 

Маълум шуд , ки рузи 10-уми декабри соли равон бо талаби Кумитаи шаҳрванди наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Берлин дар назди сафорати Тоҷикистон гирдиҳамои доир гардид. Ташабусскорони ин гирдиҳамоӣ боз ба ҳамин баҳона фазои сулҳу субот, ободкорию созандагии кишварамонро халадор созанд. Бояд қайд намуд, ки талаби раҳоии Зайд Саидов, Маҳмадали Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров гапи нав нест. Мақомоти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала чандин бор итилло дода буданд, ки ин шахсон бо ҷурми содир кардани ҷиноятҳои иқтисоди ва дигар ҷиноятҳо зиндони шудаанд.

 Мо яке аз талабҳои ташаббускорони гирдиҳамоиро, ки мехоҳанд давлатҳои Аврупо кумакҳои иқтисоди ва молии худро бо Тоҷикистон қатъ намоянд, қатъиян маҳкум менамоем. Зеро ташкили кумакҳои иқтисодӣ давлатҳои хориҷи тавассути шартномаҳои  байни ҳукумати ба роҳ монда шудааст. Аз ин лиҳоз, азбаски ин кумакҳо ба пешрафти иқтисодӣ, корҳои созандагӣ равонаву сафарбар карда мешаванд, ҳеҷ гоҳ як гуруҳ ва ё як ташкилоти зидди ҳукумати наметавонад чунин талабҳоро роҳандозӣ намояд.

Бори дигар таъкид менамоем, ки талаби озод кардани маҳбусони сиёси ва гирдиҳамоӣ ин давоми ҳамон ҳодисаи нангини куштори саёҳони хориҷӣ мебошад.

 

                                                                  Саломат Ниёзова, омузгори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии ДКМТ