Додгоҳи Амрико сомонаеро, ки аз ҷониби Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон сарпарасти мешуду аз тарафи аъзоёни ТТЭ ҲНИ идора мегардид, баст. Гуфта мешавад, ки сомонаи “Рисолат” (risolattj.com) бар пояи гузоришгарони ҶИЭ фаъолияташро ба роҳ монда, бештар ахбори ифротгароёнаву террористиро ба нашр мерасонид.
Ҳамзамон илова гардидааст, ки сомонаи мазкур аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ созмон дода шуда, бештар маълумотҳоро ба криллӣ ба нашр мерасонид ва албатта маблағгузорияш тибқи маълумотҳои Вазорати адлияи ИМА аз ҷониби Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ба роҳ монда шуда буд. Маълум мешавад, ки ин дафъа низ ИМА бо бастани сайти наҳзатиён дар Аврупо бори дигар террористӣ-экстремистӣ будани Ҳизби наҳзати ислом ва ҳамчунин аз ҷониби ҶИЭ сармоягузорӣ шуданашро исбот намуд.
Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом яке аз созмонҳои ифротие мебошад, ки дар солҳои 90-ум таъсис дода шудааст ва ба чанд созмони террористӣ алоқаи наздик дорад. Шурӯъ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбияш ТТЭ ҲНИ-ро ҶИЭ сармоягузорӣ мекард ва инро ҳатто чандин манбаъҳои муътамад тасдиқ намудаанд.
Аммо имрӯз зарурате пеш омадааст, ки бояд пеши роҳи ҳама гуна созмонҳои террористӣ-экстремистӣ баста шавад, то ҷомеа аз он ранҷ набарад. Ҳамлаҳои террористӣ, дасисабозиву иғвобарангезии созмонҳои террористӣ ҳоло ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст ва аз ҷониби дигар зуҳури гурӯҳҳои ифротии динӣ феълан хатарзост ва ин хатарҳоро мо ҳамарӯза мушоҳида менамоем.
Ҳамин ТТЭ ҲНИ худ аллакай як намунаи равшан барои тамоми ҷомеаи башарӣ мебошад, ки ифротгароиро бо ҳар сурат ба роҳ мемонад ва ҳатто дар ИМА сомоани ифротиро таъсис додаанд, ки ин гуна гурӯҳҳои террористӣ барои насли ҷавон садди роҳи мафкураи солим мебошанд ва бояд аз байн бурда шаванд.
Бастани сомонаи наҳзатиён дар Амрико маънои шинохт аз фаъолияти террористони наҳзатиро дорад ва ин боз ҳам як зарба бар Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва ТТЭ ҲНИ мебошад.
Меҳвар Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ