БАР ТАВОЗУЪҲОИ ДУШМАН ТАКЯ КАРДАН АБЛАҲИСТ…

Вазъияти баамаломада дар кишвари Беларус, ки бо мамлакати мо шартномаҳои бузурги ҳамкорӣ дорад ва дар давоми 70 соли собиқ Шӯравӣ дӯстона зист, дар рушди иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг ва маданияти мамлакатамон шарик буд, бетараф гузошта наметавонад.

          Чаро чунин рухдоде, ки ғайриинтизор буд дар ин сарзамини тинҷу ором, ки боре мардумаш оид ба зиндагии мушкил ва вазъи ногувори рӯзгори худ лаб накушода буданд, ба чунин ҳолат гирифтор шуданд. Ё чӣ эшонро водор намуд, ки ба чунин ҳолат рӯй оваранд?

          Наметавон зикр намуд, ки дар ин шадид гардидани авзоъи мамлакат амри дилу виҷдони халқ нақш бозид, на. Инҷо нерӯҳои мухолиф, ки чаҳорчӯбаҳои муқарраргардидаи демократияро вайрон кардаву ақидаву андешаи шаҳравандони мамлакатро заҳролуд карданд, то имрӯз зидди сиёсат ва ҳукумати кунунии мамлакат даст ба эътирозҳо зананд.

          Инсоният то рӯзи мушкилро набинад, аслан ба қадри осонӣ нахоҳад расид. Ва қадри неъмат ҳам баъди неъмат-беҳуда намегӯянд. Пешрафтатарин мамолакатҳои оламро бубинед, ки камбағалаш шоҳона мезист, ҳамин ақидаҳои зиддидавлатӣ рӯи кор омаду ҳоли мардуми мамлакаташ имрӯзҳо ғарибу бенавост, ки сабақи бузург бояд бошад, тамоми халқи ҷаҳонро. Саъди ҳам дар асари Гулистони худ қитъаи зебое дорад:

Эй сер, туро нони ҷавин хуш нанамояд,

Маъшуқи ман он аст, ки дар назди ту зишт аст.

Ҳурони биҳиштиро дузах бувад Аъроф,

Бар дузахиён гӯй, ки Аъроф биҳишт аст.

Албатта расидан ба қадри тинҷиву осоиштагии мамлакат, дӯстдории марзу бум, таъмини амну суботи сарзамин, қарзи ҷавонмардонаи ҳар фарди ватандӯсту содиқ ба кишвар аст. Воқеаҳои Беларус бояд, ки мардуми сарзамини моро дарс бошад, ҳушдор диҳад, ки ҳеҷ гоҳ ба душманони дӯстнамо бовар кардан ва вазъияти осудаи кишварро халалдор намудан хоси инсонӣ нест.

Имрӯз бубинед, ки мухолифини дар интихоботи навбатӣ мағлубгардид тавассути хоҷагонашон як кишвари амну субот, ки солҳо мавҷи эътирози халқашро касе ёд надорад, ба харобкориву зиддият даст зада истодаанд. Бузургтарин устод дар зиндагӣ таҷриба аст. Халқи сарбаланди тоҷик бояд, ки миллати худро сидқан дӯст доранд, дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид шаванд ва паи ҳаёти осудаву обод гардидаву дар ободонии кишвари худ саҳми ҷавонмардона гузоранд.  Ва бубинанду сабақ бигиранд, ки душман дар ҳар соат метавонад, ки таъсири бади худро бирасонад.

Бар тавозуъҳои душман такя кардан аблаҳист,

Пойбӯси сел аз по барканад деворро.

О.Оқил

омӯзгори ДКМТ