Бар дами теғи қалам ҳам туҳмати хун мекунанд
Ҳарфи рангин баъд аз ин чун метавон таҳрир кард
Фонии Кашмирӣ шоири машҳури форсизабон 300 сол муқаддам ин байтро эҷод намуда,нуқси ҷомеаро ба риштаи таҳлил кашидааст. Иштибоҳи мазкурро қаламкаши гурезпо сардабири сомонаи «Ахбор» Мирзои Салимпур такрор намудааст, ки рӯзҳои охир зери фишори равонӣ ва шантаж қарор гирифтааст. Ӯ қайд намудааст, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook «фермаи ҷавоб» фаъолият мекунад ва он гӯё ки марбут ба мақомоти амнияти Тоҷикистон аст. Изҳор дошта мешавад, ки танҳо дар як гурӯҳи фейсбукии «Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон», ки ба фикри ӯ ба минбари асосии «фермаи ҷавоб» табдил ёфтааст, дар тӯли як моҳи охир зиёда аз 200 мақолаҳои гуногун нашр шудаанд. Аммо, бояд таъкид намуд, ки дар шабакаи Facebook ягон «фермаи ҷавоб» вуҷуд надорад. Мақолаҳое, ки дар гурӯҳҳои мухталифи фейсбукӣ ҷой дода мешаванд, мавқеи шаҳрвандии ҳар як муаллиф аст, на чизи дигар. Агар мавқеи муаллифони мақолаҳо ба мавқеи чунин шахсони ифротгаро монанди Мирзои Салимпур рост наояд, пас онҳо дарҳол изҳор медоранд, ки гӯё «фермаи ҷавоб» вуҷуд дорад ва он аз тарафи мақомоти амнияти Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Дар асал, имрӯз кулли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон воқифанд, ки мақсад ва ҳадафҳои имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созанда буда, тамоми ҷидду ҷаҳди он баҳри таъмини сулҳу суботи ҷомеаи равона карда шудааст. Аммо мутаасифона баъзе аз ашхоси дар хориҷа умр ба сар баранда мехоҳанд вазъиятро ноором гардонанд ва ба ин васила ба ҳадафҳои ғаразноки худ бирасанд. Онҳо манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоман ба инобат намегиранд ва фикр доранд, ки гӯё онҳоро мардум дастгирӣ менамоянд. Вале, онҳо иштибоҳи калон мекунанд, зеро ки мардуми шариф ва соҳибфарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаргиз онҳоро дастгирӣ нахоҳанд кард.
Нисбати навиштаҳои ин хомабадаст эътирози мо чунин аст:
Шамъ бо парвона ҳар шаб ҳамзабонӣ мекунад,
Дар ҷавоби парфишонӣ сарфишонӣ мекунад.
Санъат Хӯҷамов,
омузгори кафедраи Т ва ТМ-и ДКМТ