Пас аз интихоботи президентӣ дар кишвари Белорус имрӯзҳо маъракаҳои оммавӣ ва гирдиҳамоиҳо идома дорад, ки мақсаду маромашон маълум нест. Воқеан агар аз дидгоҳи солим таҳлил намоем, маълум мешавад, ки мардуми Белоррус ба тавтеаи лӯхтаки Ғарб (СТ) дода шудаанду имрӯз бо тақдири худ бозӣ мекунанд. Зеро мардуми белорус фаромӯш кардаанд, ки маҳз намояндагони Ғарб, яъне лӯхтакҳои ғарбӣ дар Украина чӣ кор карданд?
Магар белорусҳо аз тақдири ҳамсояи худ сабақ намегиранд?
Ин ки имрӯз мардум ба хиёбонҳо баромадаанду фирефтаи муздурони бегона шудаанду аз озодиву оромӣ ва истиқлолияти хеш норозият мекунанд, фардо вазъият аз Либияву Сурия бадтар хоҳад шуд, агар ба ҳамин минвол корашон идома пайдо кунад. Чунки абарқудратҳо ҳаргиз намехоҳанд, ки кишвари Белорус, ки имрӯзҳо аз лиҳози иқтисодӣ хеле пешрафт кардааст, якранг рушд намояд ва ҳамин аст, ки мардумро имрӯз бо шиорпартоиҳо ба бозӣ андохтаанду мехоҳанд мисли кишварҳои Сурияву Ироқ ва Мисру Яман фиреб диҳанд. Замоне буд, ки дар Либия низ мардум чунин шиорҳои ғарбмактабро иҷро мекард, аммо сипас ба кунҷи фаромӯши заданду фақру нодорӣ дар ҳар кадомеро куфтааст. Мардуми Белорус бояд аз ин хатарҳои ҷаҳони огоҳ бошад ва ҳаргиз зиракии сиёсияшро аз даст надиҳад.
Феълан замоне ҳаст, ки манфиатҳои иқтисодӣ ва молӣ аз ҳама чиз барои абарқудратҳо боло меистад ва ҳамин аст, ки имрӯз кишвари Белорусро ба ҳадаф қарор додаанду мардум аз ин бехабар ба хиёбонҳо баромадаанд, ки ин бисёр ҳам иштибоҳи бузург мебошад.
Украинҳо низ аввал чунин мақсади абарқудратҳоро нафаҳмида, ҳай майдонишинӣ карданд ва фақат ҳоло фаҳмиданд, ки бузургтарин имкониятҳояшонро аз даст додаанду марзҳояшон низ иваз шудааст.
Аз ин рӯ, ба мардум гуфтанӣ ҳастам, ки аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ибрат гиред ва ҳаргиз ба иштибоҳ роҳ надиҳед, ки оқибаташ басо вазнин аст. Афғонистон инак чаҳор даҳсола боз дар интизори сулҳу оромӣ ва амният мебошаду аз дасти бозии абарқудратҳо ҳеҷ муваффақ намешавад. Ҳамин аст, бозии сиёсии абарқудратҳо, ки аз он касе манфиат намебинад ба ҷуз пушаймон шуданҳову зарар дидан.
Некварз Маҳмудзода
омӯзгори ДКМТ