БАРҲАМ ДОДАНИ ҶАНГИ ҲАМСОЯҲОИ НАЗДИ САРҲАДИИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗҲО ВА БО РОҲИ ОСОИШТАГӢ ҲАЛ НАМУДАНИ МУАММОҲОИ ҶОЙДОШТА

Аз давраҳои Иттиҳоди Шӯравӣ низоҳои байнисарҳадии тоҷикону қирғизҳо мавҷуд буданд. Низоҳои байни сарҳадии оиди таъминоти шаҳру ноҳияҳои Исфара ва Конибодом буда дар фасли баҳор танқиси оби ошомидани ба шаҳру ноҳияҳои дар боло зикргардида мушоҳида мешуданд.
Дар Ҷумҳурии ҳамсоя Қирғизистон обанбори калонтарин дар вилояти Боткон ба ном Папан ҷойгир шудааст. То пур шудани обанбори мазкур қирғизҳо ба ҳамсояҳои худ мушкилиҳои зиёдеро эҷод менамуданд. Кишту кори баҳоронаи тоҷик баъзе солҳо бо пуррагӣ аз беобӣ сӯхта нобуд мешуданд, ва киштӣ такрорӣ гузаронида мешавад. Низоҳои байни сарҳадии халқи тоҷику қирғиз оиди таъминоти оби ошомиданӣ, ҷанҷолҳо оиди заминҳои киштукорӣ, роҳҳои нақлиётӣ доимо мушоҳида мегардиданд ва ин низоҳо бештар характери сиёсӣ гирифта ба ҷангҳои дохилӣ ва марги одамон оварда мерасонид. Роҳбарони пешинаи Ҷумҳурӣ якчанд маротиба дар марзи сарҳадии Қирғизистон гуфтушунид гузаронида буданд ва созишнома низ оид барҳам додани низоҳо баста шуда буданд.
Аз тарафи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон якчанд мулоқоту вохуриҳо бо намояндагони Олӣ мақоми Ҷумҳурии Қирғизистон гузаронида шуда буд, бевосита Пешвои миллат қайд менамуданд, ки масъалаҳои тақсимоти замин, таъминот бо оби ошомиданӣ ва роҳҳо дар чорчӯбаи дӯсти рафоқат ва ҳамдигарфаҳмиҳои ҳамсоягӣ бояд ҳалли худро ёбад ва мо бояд муносибатҳои дӯстонаи худро нигоҳ дорем.
Воқеаҳои рӯзҳои охир моро водор намуд ба ҳамсояҳои худ бо чашми дигар назар кунем ва ҳаракатҳои ҷангҷӯёнаи онҳо қариб буд дар байни ҳамсояҳо алангаи ҷангро даргирон намоянд.
Мо аҳли илм ва маориф кирдорҳои ҷанҷӯёнаи халқи қирғизро маҳкум мекунем.

ассистенти кафедраи геология ва корҳои нафту газ
Почоев А.А.