Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Сада ба як қатор кормандони донишкада ифтихорнома тақдим гардид

Имрӯз, дар толори Шӯрои олимон бо ширкати ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷаласа бо кормандони қисми маъмурию хоҷагидорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи имрӯза ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам фаъолтар гардидани фаъолияти қисми маъмурию хоҷагидорӣ тавсияҳо доданд. Ҳамчунин роҳбарият, кормандони қисми хоҷагию маъмуриро ба хотири заҳматҳои зиёдашон ҷиҳати сабзгардонию ободонӣ миннатдорӣ намуда, ба онҳо сипосномаву ифтихорнома тақдим намуданд.

Ҳамзамон дар ин рӯз ба бахши хоҷагӣ ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани ҷашни Сада ва саҳми хуб гузоштан ба роҳбари гурӯҳӣ корӣ Насриддинова З.З., сардори қисми хоҷагидорию маъмурӣ Ҷабборов А., сардори бахши таъминоти барқ Мирбобоев Р. Ва 10 нафар корманди фаъол ифтихорномаи роҳбарияти донишкада супорида шуд.

Дар интиҳо ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ҳамаи ҳозирин изҳори сипос гуфта, ҷумлагонро ба фаъолияти пурсамар талқин намуданд.

М.Сайидзода