Имрӯз дар толори китобхонаи Донишкада чорабинии бошукӯҳ бахшида ба ҷашни Меҳргон гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аминҷонова Мавлудахон, декани факултети металлургия ва зеҳни сунъӣ Шамсиддинов Шӯҳратҷон, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Мирзозода Воҳидҷон ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни фаъол ширкат намуданд.
Қабл аз оғози чорабинӣ ба ректори донишкада гӯшаи омода намудаи аъзоёни кафедра бо фарогирии неъматҳои табиат ва унсурҳои миллӣ, дастархон идона муаррифӣ карда шуд.
Чорабинӣ бо маърӯзаи пурмӯҳтавои ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ оғоз гардид, ки мавсуф роҷеъ ба эҳёи дубораи ҷашнҳои миллӣ ва нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки маҳз бо талошҳои Сарвари хирадманди кишвар тамоми ҷашну маросим ва анъанаҳои миллии мо тоҷикон эҳё карда шуд.
Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Мирзозода Воҳидҷон дар мавзуи “Меҳргон ва суннатҳои миллии тоҷикон”, омӯзгори ҳамин кафедра Ҳоҷибоева Муҳайё дар мавзуи “Ҷавонон ва ҷашнҳои миллӣ” суханронӣ намуданд.
Сипас, барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки донишҷӯён манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинӣ ба ташкилкунандагон изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии факултети металлургия ва зеҳни сунъӣ баргузор карда шуд.