Баргузории ҷаласаи Шурои олимон дар донишкада

Имрӯз дар толори Шурои олимони донишкада ҷаласаи навбатии шуро бо ширкати ректори донишкада ва дигар аъзоён баргузор гардид. Ҷаласаро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои баррасишаванда чанд нуктаи муҳимро таъкид намуд. 
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ қайд намуд, ки ҷиҳати иҷрои нақша-чорабиниҳо бояд тамоми омӯзгорону кормандон фаъол бошанд ва оид ба масъалаҳои муҳим саривақт вокуниш намоянд. Тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як омӯзгор ин тарбия намудани насли ҷавон дар роҳи дуруст мебошад. Ба ҳамин далел мо бояд бештар ҷиҳати донишманду худшинос ва меҳнатдӯст шудани ҷавонон тамоми кӯшишҳоямонро ба харҷ диҳем. 

Сипас аз рӯи масъалаҳои якум муовинони ректор профессор Насриддинов Замониддин ва Аминҷонова Мавлудахон ҳисобот доданд. Ҳамчунин аз рӯи масъалаҳои дуюм ва сеюм сардори раёсати таълим Осими Оқил ва сармуҳосиби донишкада Садиқова Наргисахон баромад намуданд. 

Дар ҷаласаи мазкур аъзоёни Шуро фаъолона баромад намуда, роҷеъ ба масъалаҳои баррасишаванда андешаҳои хешро иброз доштанд.