Имрӯз дар донишкада бо ташаббуси ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бахшида ба ҷашни бузурги тоҷикон Сада гардид баргузор гардид. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба нақш ва мақоми он дар фарҳанги миллати тоҷик ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи ҷашну идҳои аҷдодӣ суханронӣ кард. Мавсуф таъкид намуд, ки Сада яке аз ҷашни қадимии миллати тамаддунофари тоҷик буда, анқариб ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд ва маҳз бо ташаббуси Сарвари маҳбуби кишвар ин ҷашни миллӣ дубора эҳё карда шуд.
Мавсуф таъкид намуд, ки роҷеъ ба пайдоиши ҷашни Сада олимон ва шоирон нуктаҳои гуногунро дарҷ намудаанд, ки ҳар яке дорои ҳақиқати таърихӣ мебошад.Абулқосим Фирдавсӣ дар“Шоҳнома”пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши шоир Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди ихтирои оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истихроҷи филиззот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, алайҳи аҳриманзодаҳову девҳо аслиҳа сохт. Фирдавсӣ пазироии ҷашни Садаро аз ҷониби Ҳушанг чунин менигорад:
Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,
Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳ он гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳозиринро ба ин ҷашн табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон барору комёбиҳо таманно кард.