Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ вобаста ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таҳти унвони ” Паём- раҳнамои фардои дурахшони Тоҷикистон” баргузор гардид.
Ҳамоишро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нуктаҳои муҳими Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, иброз дошт, ки дар Паёми имсола масъалаҳои муҳим, аз ҷумла рушди иқтисодиёти рақамӣ, илму инноватсия, зеҳни сунъӣ, соҳаи саноат, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, муҳайё намудани имконияти таҳсил, баланд бардоштани фарҳанги молиявӣ ва ҳамзамон фароҳам сохтани шароити зиндагӣ баррасӣ карда шуда, ба масъулин вазифагузориҳо сурат гирифт.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамзамон изҳор дошт, ки Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин роҳнамои зиндагии босаодати мост. Паём санаде ҳаст, ки фаъолияти моро боз ҳам густариш медиҳад ва роҳи ҷадидро барои рушд муҳайё месозад. Паём ин санади мукаммал ва дастури беҳтарин барои пешбурди кулли соҳаҳо дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар Паёми имсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба солҳои иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия гуфта гузаштанд, ки ин масъала барои мо хеле муҳим мебошад ва мо олимони соҳа бояд дар ин самт бештар кӯшиш намоем, то ҷомеа зарурият ва манфиати ин самтро дарк намояд. Ҳамзамон, барои рушди ин соҳа мо бояд бештар талош намоем, ихтисосҳои зеҳни сунъиро тақвият диҳем, мутахассисони варзидаро тарбия намоем. Омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа дар ин шабу рӯз аз вазифаи аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбад ва мо бояд дар ин самт ҷидду ҷаҳд намоем. Омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа, аз дастури муҳимимтарини Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳамчунин, ректори донишкада зимни суханронӣ таъкид намуд, ки ғамхории Сарвари хирадманди Давлат ба соҳаи маориф бесобиқа мебошад ва 30 фисад зиёд намудани маоши омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои то мактабӣ, ва 20 фисад зиёд намудани маоши тамоми омӯзгорону кормандони муассисаҳои давлатӣ ин ҳам ғамхорӣ баҳри рушди соҳа мебошад…
Дар ҳамоиши имрӯза, ҳамчунин омӯзгори кафедраи таъминоти барқ Мирзолиқова М. дар мавзуи “Гидроэнергетикаи Тоҷикистон: имконияти имрӯза ва дурнамо” суханронӣ карда, расидан ба истиқлоли энергитикоро муҳим ва калиди рушди ҳама соҳаҳо арзёбӣ кард.
Дар фароварди ҳамоиш муовинон ва деканҳо низ суханронӣ намуда, Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷавҳари рушди мамлакат арзёбӣ намуданд.