Санаи 5- уми апрели соли равон баҳри таҳкими дӯстии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии мардумии Чин ва Федератсияи Русия роҳбарияти Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-адабии муаррифии тарҷумаи ашъори шоири бузурги рус Сергей Есенин ба забони чиниро баргузор намуд.
Нахуст чорабиниро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, меҳмонон аз ҷумла консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Васильевич Ланкин ва Сю Сяодунро ки ашъори Есенинро ба забони чинӣ тарҷума намуда буд хайрамақдам намуда, кайд кард, ки муносибатҳои мутақобила дар соҳаи маданияти Русия, Чин ва Тоҷикистонро метавон идомаи анъанаи дӯстӣ ва ғанӣ гардонидани ҳамдигарфаҳмӣ, ки Есенин бо эҷодиёти худ ба таври рамзӣ интизор буд, идома дод.
Ташаббусҳои фарҳангӣ, аз қабили фестивалҳо, вохӯриҳои адабӣ, намоишгоҳҳо ва барномаҳои таълимӣ ба таҳкими робитаҳои дӯстонаи байни ин кишварҳо мусоидат мекунанд.
Дар бахши амният Тоҷикистон, Русия ва Чин барои таъмини суботу амният дар минтақа, аз ҷумла дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои фаромарзӣ ҳамкории зич доранд. Ин ҳамкорӣ барои таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ муҳим аст.
Ҳамзамон, ректори донишкада профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр ба роҳбарияти Донишкадаи Конфутсий барои ташкили чорабинӣ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки Донишкадаҳои Конфутсий дар наздик кардани халқҳои мо ва амиқтар кардани муносибатҳои ҳамаҷониба дар сатҳи фарҳангӣ ва маориф нақши бебаҳо мебозанд ва ба ин васила барои фароҳам овардани заминаи мустаҳкам барои ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум байни кишварҳои мо мусоидат мекунанд.
Баъдан, сухан ба консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Васильевич Ланкин дода шуд. Мавсуф, барои ташкили чорабинии мазкур ба ректори донишкада профессор Маҳмадалӣ Набӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Сипас, Сю Сяодун – мутарҷим, сардори шуъбаи ҶДММ «ТК Горпром» – Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар вилояти Суғд, ки эҷодиёти шоири рус Сергей Есенинро дӯст медорад ва меомӯзад, осори ӯро бо услуби ашъори қадими чинии сулолаҳои Тан ва Сун ба забони чинӣ тарҷума карда буд, манзури ҳамагон кард.
Шаби адабӣ дар сатҳи баланд бо қироати шеьру суруд бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва чинӣ сурат гирифт.