Имрӯз дар донишкада шанбегии умумӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва дигар кормандону омӯзгорон фаъолона ширкат намудаед.
Бо гузаронидани шанбегӣ тамоми гирду атрофи донишкада аз партову алафхои зиёдатӣ пок карда шуда, заминҳо барои кишт омода карда шуданд.
Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии раиси Иттифоқи муттаҳидаи касаба Давлатзода Давлат, профессор Розиқов Зафар, сардори шуъбаи хоҷагидорию маъмурӣ Азизов Қурбон, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон ва деканҳову мудирон тибқи анъана ниҳол шинонида, маъракаи ниҳолшинониро дар донишкада расман оғоз бахшиданд.