БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ ТАҲТИ УНВОНИ “МАҲОРАТИ ПИСАРОН” ДАР ХОБГОҲИ ДОНИШҶӮЁН

Дирӯз дар хобгоҳи рақами 3- и донишкада озмун байни бошандагони хобгоҳ таҳти унвони ” Маҳорати писарон” баргузор гардид, ки дар он декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳратҷон, декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолудин, декани факултети корҳои кӯҳӣ доктор Самадова Гули, сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.
Чорабиниро декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳратҷон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба мақсади баргузории озмун ва ҳадафи сухан ронда, донишҷӯёнро ба бурдани тарзи ҳаёти солим даъват намуд.
Ҳамчунин дар чорабинӣ мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ олими ҷавон Мирзозода Воҳидҷон суханронӣ карда, шартҳои озмунро ба ҳозирин фаҳмонид.
Донишҷӯён дар риштаҳои гуногуни варзиш маҳорати хешро санҷида, бо гирифтани холҳои бештар сазовори ҷойҳо гардиданд, ки дар интиҳо ба ғолибон сипоснома туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ профессор Қозиев Камолудин ва доктор Самадова Гули суханронӣ карда, ба донишҷӯён барору муваффақият таманно намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии факултети металлургия баргузор карда шуд.