Имрӯз дар толори китобхонаи илмӣ- электронии донишкада чорабинии адабӣ бахшида ба #РӮЗИ_РӮДАКӢ таҳти унвони “Забони модарӣ – забони назми оламгири Рӯдакӣ” бо ширкати меҳмонону донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст котиби Шурои олимони донишкада, омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зӯҳрохон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ муфассал сухан ронда, сипас доир ба мақсади баргузории ин чорабинӣ ва ҷойгоҳи шеъри оламгири тоҷик чанд нуктаро таъкид намуд.
Дар чорабинии имрӯза ҳамзамон, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Шаҳноза Каримӣ бо маърӯзаи илмӣ таҳти унвони “Худшиносӣ ва ватанпарастӣ дар мероси адабии Рӯдакӣ” суханронӣ намуда, ҷойгоҳ ва мақоми шеъри Рӯдакиро дар тарбияи ватандӯстии насли ҷавон хеле баланд арзёбӣ кард.
Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба осори адабӣ, арҷгузорӣ ба ин шоири бузург, шинохти адабӣ, ташаккули шахсият, нақши Рӯдакӣ дар сиёсати замонаш ва тарбияи ватандӯстӣ сухан ронда, чанд нуктаи муҳимро таъкид карда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки осори шоири бузурги ҳавзаи тоҷику форс Рӯдакиро мутолиа намоянд.
Дар чорабинии имрӯза ҳамчунин донишҷӯёни бахшҳои якум ва дуюм низ фаъолона ширкат намуда, аз эҷодиёти Рӯдакӣ пораҳо қироат намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба баргузоркунандагони чорабинӣ кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ ва китобхонаи илмӣ- электронӣ ҷиҳати ташкили ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён карда, изҳор дошт, ки ҷойгоҳ ва мақоми Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар адабиёти тоҷик бисёр баланд аст ва арҷгузорӣ ба ин чеҳраи бузурги адабӣ арҷгузорӣ ба забон ва адаби бузурги миллат аст.