Семинари илмӣ- назариявиро дотсенти кафедари таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ Қобилов В.А. ифтитоҳ намуда , роҷеъ ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард.
Ҳамчунин дар чорабинии мазкур донишҷӯи бахши дуюм Зуҳриддинов Фаридун дар мавзӯи “Маориф бунёдгузори миллати мутамаддин” ва Умаров Шарофиддин донишҷӯи бахши 2 ихтисоси 2-360101 – технологияи мошинсозӣ дар мавзӯи “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф” суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ширкати мудири кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ Холов З.А. , омӯзгорони кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ Хуҷамов С.С, Ҳоҷибоев Д.Д., муовини декани факултети металлургия оид ба илм Усмонов Ш., сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз ва донишҷӯёни ихтисосҳои 4-360101, 4-361001, 2-360101 баргузор гардид.