Имрӯз дар утоқи Академияи CDIO- и назди донишкада семинари онлайнӣ дар мавзуи “Сангҳои қимматбаҳои Бадахшони кӯҳӣ” бо иштироки олимону омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрон баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Мирбобоев Шӯҳратҷон иттилоъ дод.
Дар семинари мазкур профессори Донишгоҳи геологии иктишофии Федератсияи Русия ба номи Орҷоникидзе Андрей Кимович роҷеъ ба ин мавзуъ суханронӣ намуда, далелҳои илмии омӯзиширо ҷиҳати пажӯҳиш ва коркарди сангҳо пешниҳод намуд.
Сипас, табодули афкор миёни аҳли семинар сурат гирифт ва ҳамагон бо пешниҳоди андешаҳои созанда семинарро ҷамъбаст намуданд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси кафедраи геология ва корҳои нафту газ баргузор гардид.