Имрӯз дар толори Шурои олимони донишкада семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли маърифати ҳуқуқӣ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини декани факултети электромеханика Саидов Анвар ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба мақсади баргузории семинар, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани маърфиати ҳуқуқии шаҳрвандон, инсон ва ҳуқуқҳои ӯ ва пайёмади риояи накардани қонунҳои амалкунанда сухан ронда, ба донишҷӯён мақоми санади олӣ бахтномаи миллатро ташреҳ дод.
Сипас, дар семинари мазкур омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва информатика Абдураҳмонова Азиза, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Қодирова Манижа, омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва информатика Ҳаитова Фирӯза суханронӣ намуда, роҷеъ ба нақши Конститутсия дар саодати миллат, эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна созмонҳои террористӣ-экстремистӣ, риояи одобу ахлоқ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, истифодаи дурусти интернет ва шабкаҳои иҷтимоӣ суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар семинари мазкур донишҷӯёни бахшҳои якуми, дуюм ва сеюм ширкат намуданд.