Имрӯз дар толори видеоконфросзали донишкада семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабиниро мудири кафедраи металлургия Ҳаёт Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон намудани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” суханронӣ карда, ҳамзамон дар бораи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ин санади олӣ, инсон ва ҳуқуқҳои ӯ, риояи қонунҳо ва дигар қонунҳои миллӣ гуфта гузашт.
Дар ҷараёни баргузории семинар ҳамчунин дар бораи истифодаи дурусти интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, роҳ надодан ба ҳар гуна амалҳои номатлуб, мутолиаи китобҳои бадеӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва оқибатҳои фалокатбори созмонҳои террористӣ-экстремистӣ чанд нуктаи муҳим низ таъкид карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар семинари мазкур донишҷӯёни бахшҳои якуми, дуюм ва сеюми факултети металлургия ширкат намуданд.