Имрӯз дар толори видеоконфронсзали донишкада бо ширкати донишҷӯёну аспирантон ва омӯзгорон семинари онлайнӣ дар мавзуи “Экология ва истифодабарии захираҳои табиӣ” баргузор карда шуд. Дар семинари онлайнӣ ба ҷуз омӯзгорони донишкада боз профессорони Донишгоҳи давлатии геологӣ-иктишофии Русия Экзарьян Владимир Нишанович низ вобаста ба мавзуъ лексия хонда аз таҷрибаи донишгоҳии хеш чанд машварат ба ҳамтоёни ҷавони худ дод.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси мудири кафедраи экология олими ҷавон Ҳоҷибоев Далер гузаронида шуд.