
Имрӯз, дар толори синфхонаи зеҳни сунъии кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъии факултети электромеханика бо ширкати омӯзгорону кормандон семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Саҳми Паём дар рушди илмҳои дақиқ ва инноватсия” баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолудин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки омӯзиши нутаҳои Паёми Сарвари давлат метавонад барои ғоясозии ҳар як соҳаи илми кишвар сарчашмаи аслӣ бошад. Зеро дар Паём тамоми нуктаҳо ба таври кулли омӯхта шудааст ва ин чиз мо аҳли зиёро водор месозад, то дар амали намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошем.
Дар чорабинии имрӯза ҳамчунин муовини декани факултети электромеханика Саидов Анвар низ суханронӣ намуда, роҷеъ ба Паём ва нақши он дар рушди маориф андешаронӣ кард.
Ҳамзамон, дар семинари имрӯза мудири кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Туев Шоҳин низ суханронӣ намуда, рушди фанҳои риёзӣ ва дақиқро дар шароити феълӣ хеле зарурӣ ва муҳим арзёбӣ кард. Мавсуф пз саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илмҳои дақиқ ва инноватсия сухан ронда, таъкид намуд, ки вазифаи мо омӯзгорон аст, то дар ниҳоди насли ҷавон тафаккури техникиро ташаккул бидиҳем.
Ҳамчунин, дар семинари имрӯза омӯзгорони кафедари математикаи олӣ ва информатика Норбобоева Гулмира, Раҷабов Ғафурҷон ва дигарон маъруза намуда, андешаҳои хешро атрофи мавзуъ иброз доштанд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ дар доираи ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ баргузор карда шуд.