Имрӯз, дар толори хурди донишкада семинари илмӣ-назариявӣ бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва дигар омӯзгорону кормандон баргузор гардид. Семинарро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши илму техника дар пешрафти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ҳамзамон, саҳмгузорӣ дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар сухан ронда, омода намудани мутахассисони варзидаро муҳим арзёбӣ намуд. Мавсуф қайд намуд, ки рақамикунонии иқтисодиёт дар шароити феълӣ хеле муҳим буда, барои пешрафти соҳа мусоидат менамояд ва раванди кор боз беҳтар мегардад.
Ҳамчунин, дар семинари мазкур муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки дар ин шабу рӯз таъсиси маҳфилҳои эҷодӣ-техникӣ барои донишҷӯёни донишкада хеле муҳим буда, донишҷӯ бо ин васила донишҳои хешро комил менамояд ва аллакай як зинаи кориро мегузарад ва дар соҳаи худ устувор мегардад, ки чунин хатмкунандаро корхонаҳову ширкатҳо ба зудӣ ба кор қабул менамоянд. Ҳамзамон, таъсиси марказҳои хурди эҷодӣ дар донишкада хеле муҳим мебошад ва феълан дар назди академияи CDIO чунин як марказ бо тамоми таҷҳизот мавҷуд аст, ки донишҷӯён метавонанд аз он самаранок истифода баранд.
Сипас, дар семинари мазкур омӯзгори калони кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Мирсаидова Ф.А. дар мавзӯи “Трансформатсияи рақамии соҳаҳои иқтисодиёт” баромад намуда, роҷеъ ба афзалиятҳои рақамикунонии иқтисодиёт сухан ронда ба ҳозирин моҳияти масъаларо шарҳ дод ва зимни баромади хеш ба суолҳои омӯзгорону кормандон вобаста ба мавзӯъ посух дод.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси факултети иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ гузаронида шуд ва ҳар ҳафта дар донишкада чунин семинарҳо аз ҷониби ҳайати профессорию омӯзгории донишкада баргузор карда мешавад.