Имрӯз дар толори видеоконфронси донишкада семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо ширкати олимону омӯзгорон баргузор гардид. Семинарро муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба рушди босуръати техника, истифодаи технологияҳои муосир дар корхонаҳои саноатӣ, баланд бардоштани тафаккури техникии ҷавонон, ҳавасманд гардонидани донишҷӯёни болаёқат, беҳтар намудани корҳои озмоишгоҳӣ суханронӣ намуд.
Сипас, дотсенти муштараквазифаи кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ Эшонқулова И.А. дар мавзӯи “Пӯлодҳои конструксионии лигеронидашудаи таъиноташон махсус”, омӯзгори калони кафедраи математикаи олӣ ва информатика Шерматов Ш.Т. дар мавзӯи “Матрисаи баръакс. Ҳалли СМАХ бо ёрии матрисаи баръакс”, омӯзгори калони кафедраи фанҳои умумӣ-техникӣ Ҳомидова Р.В. дар мавзӯи “Мавқеи масъалаҳои механикаи назариявӣ дар ташаккулёбии фикрронии муҳандисии донишҷӯён”, ассистенти кафедраи таъминоти барқ Ҳакимбеков С. дар мавзӯи “Диоди рӯшноӣ, сохт ва принсипи кори он” баромад намуда, ба суолҳои ҳозирин посухҳои амиқ доданд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси садорати факултети электромеханика гузаронида шуд.
Шуъбаи иттилоот