Дирӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада семинари илмӣ-назариявии кафедраҳои тахассусии факултети металлургия бо иштироки ректори донишкада баргузор гардид.
Дар ибтидо собиқадори меҳнат, доктори илмҳои химия, Академики академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори кафедраи экология Юнусов М.М. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, оид ба таърихи ташаккулёбии илми тоҷик ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки дар ҳамаи давру замон илму дониш дастгиру раҳнамои инсон аст. Аз замонҳои қадим халқи тамаддунофари тоҷик ба омӯзиши илму дониш таваҷҷӯҳи зиёд дошта, бузургони илму адаб ба монанди Абӯалӣ ибни Сино, Муҳаммади Хоразмӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абурайҳони Берунӣ, Имом Абуҳанифа, Насириддини Тусӣ, Носири Хусрав, ,Умари Хайём ва дигарон дар инкишофи илм дар сарзамини тоҷик хизматҳои бузург кардаанд. Онҳо дар асарҳои оламшумули хеш ҳамагонро ба омӯзиши илму дониш даъват намудаанд.
Сипас, ҳозиринро бо барномаи семинари илмӣ-назариявӣ шинос намуда, суханро ба д.и.т., профессори кафедраи экология Розиқов З.А. доданд. Профессор Розиқов З.А. дар мавзӯи “Вопросы уменьшения выбросов парниковых газов” маърӯзаи пурмуҳтавое карда, оид ба ин муаммои глобалии экологӣ, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифта истодааст ва роҳҳои ҳалли ин муаммо маълумоти муфассал доданд.
Мудири кафедраи металлургия н.и.т., Қодиров А.А. ва чанде дигарон оид ба ин масъала ба музокира баромада, ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Аз рӯи масъалаи дуюми семинари илмӣ н.и.т. муаллими калони кафедраи ТҲН н.и.т., Бобоев Р. М. дар мавзӯи “Такмил додани технологияҳои ҳамлу нақли автомобилии борҳои калонҳаҷму вазнин”, ки дар шароити имрӯза барои Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан дар самти амалигардонии Стратегияи давлатии саноатикунонии босуръати кишвар хело муҳим мебошад, маъруза намуд. Оид ба ин масъала муовини декани факултети металлургия Бақоев Б.Б. ва чанде дигарон ба музокира баромада, ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Аз рӯи масъалаи сеюми семинари мазкур н.и.т., мудири кафедраи металлургия Қодиров А.А. дар мавзӯи “Технологияҳои самараноки коркарди маъдани молибдендор” баромад намуда, оид ба натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва корҳои ихтирооте, ки дар кафедраи металлургия гузаронида шудааст, маълумоти муфасал доданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки ду нафар донишҷӯёни ихтисоси 420101-0104 Примзода М. ва Раҳимов А. ба корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра ҷалб карда шуда, барои иштирок ба озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” омодаги дида истодаанд.
Дар сухани ҷамъбастии кори семинар профессори кафедраи экология Юнусов М.М. муҳимияти мавзӯъҳои баррасишударо дар амалисозии Стратегияи давлатии саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ намуданд.
Дар охир декани факултети металлургия н.и.п., дотсент Шамсиддинов Ш.М. ба ташкилкунандагон изҳори сипос намуда оид ба боз ҳам беҳтар намудани корҳои ташкилии семинару маҳфилҳои илмӣ дар факултет бо ҷалби бештари донишҷӯёну магистрон ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.