Тибқи нақшаи баргузории семинари илмӣ-методии кафедраи экология инчунин кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ санаи 28- уми феврали 2022 с., соати 1300 дар толори Шӯрои олимони донишкада бо иштироки садорати факултети металлургия ва омӯзгорони ҳамаи кафедраҳои донишкада семинари илмӣ-назариявии муштараки кафедраҳои номбурда баргузор гардид. Дар семинари мазкур аз кафедраи экология 3 масъала ва аз кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ як масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ибтидо лаборанти кафедраи экология Ҷумаева М. дар мавзӯи ”Истифодабарии портали e-Library барои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ” маърӯзаи илмӣ намуд. Сипас, оид ба ин масъала мудири кафедраи экология н.и.т., Ҳоҷибоев Д.Д. ва д.и.т., профессори кафедраи экология Розиқов З.А. баромад намуда, оид ба беҳбудиҳои портали e-Library сухан ронданд.
Аз рӯи масъалаи дуюм дар мавзӯъи “Фаъолияти кафедраи экология дар самти иҷроиши барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ” мудири кафедраи экология н.и.т., Ҳоҷибоев Д.Д. ва аз рӯи масъалаи сеюм оид ба иҷроиши “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” муаллими калони кафедраи экология Саксанова Н. баромад намуданд. Д.и.т., профессори кафедраи экология Розиқов З.А. низ оид ба ин масъалаҳо, вазъи воқеъӣ ва дурнамои иҷроиши лоиҳаҳои грантии кафедраи экология изҳори ақида намуд.
Омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Сафарзода М. дар мавзӯи ”Иртиботи осори насри классикӣ бо гӯишҳои муосир” бо маърӯзаи илмӣ баромад намуд. Роҷкеъ ба ин масъала муовини декани факултети металлургия оид ба корҳои тарбия Ғоибов А.Ё., муовини декан оид ба корҳои илм Усмонов Ш.Ҷ., ассистенти кафедраи металлургия Раҳимов Ҳ.Ш. ва чанде аз дигарон ба музокира баромада, ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Дар охири семинар аз ҷониби кафедраи экология бозии интерактивӣ доир ба маърифати экологӣ ва фанҳои дақиқ гузаронида шуд.