Имрӯз дар толори Шурои олимони Донишкада дар ҳошияи мулоқоти Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа, ва ходимони дини мамлакат семинари илмӣ бо ширкати бонувони фаъоли донишкада баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлудахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақшу мароми зан дар ҷомеа, ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону бонувон сухан ронда, таъкид намуд, ки нақши занон дар тарбияи насли наврас басо таъсирнок аст ва дар ин самт бонувон бояд бештар талош намоянд, то фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоянд.
Аминҷона Мавлудахон диққати бонувонро ба суханрониву таъкидҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки таъкидҳои Сарвари давлатро сармашқи кори хеш қарор диҳанд.
Ҳамчунин дар чорабинии имрӯза раиси Шурои занони донишкада профессор Самадова Гули ва мутахассиси шуъбаи тарбия Мирзозода Н. низ суханронӣ намуда, чанд масъалаи муҳимро баррасӣ карданд.
Дар семинари имрӯза масъалаҳои тарбияи ватандӯстии ҷавонон, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, риояи либосҳои миллӣ, зинда намудани анъанаҳои гузаштагон бештар баррасӣ карда шуд.