
Баргузории семинари илмӣ- амалӣ оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар толори видеоконфронсзали донишкада семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури раҳнамо ба фардои дурахшон” баргузор гардид. Семинарро муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳноза ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барномаи семинар, муҳимияти омӯзиши Паём, мавзуоти баррасишаванда изҳори андеша намуд.
Дар чорабинӣ омӯзгорону кормандони факултетҳои электромеханика, корҳои кӯҳӣ, металлургия ва раёсати донишкада ширкат намуданд.
Дар семинари мазкур омӯзгори кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ профессор Умарҷонов Абдусафо роҷеъ ба стратегияи иқтисодиёти рақамӣ, сохтану пешниҳоди электромобилҳо, истифодаи технологияҳои нави мошинсозӣ суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки имрӯз зарурияти пешниҳоди формулаҳои нави мошинсозӣ пеш омадааст ва донишҷӯён низ бояд дар рӯҳияи нав ва фазои муосир таълим бигиранд.
Ҳамчунин, дар семинари имрӯза омӯзгори кафедраи фанҳои умумитехникӣ Қувомиддинов М. низ роҷеъ ба мавзуъ ва семинар маърӯза намуд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси факултети электромеханика баргузор карда шуд.