Имрӯз дар толори китобхонаи илмӣ- электронии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалии факултети металлургия бахшида ба амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои то соли 2030 бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва дигар олимону омӯзгорон баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба рушди илм ва инноватсия, нақши паркҳои технологӣ, рушди корҳои озмоишгоҳӣ сухан ронда, ҳамзамон дар бораи китоби академик С.Ятимов “Илм ва амният” чанд нуктаро қайд намуда аз он иқтибос низ овард.
Сипас, дар семинари имрӯза мудири кафедраи экология Ҳоҷибоев Далер, муаллими калони кафедраи ташкили ҳамлу нақл Раззоқов Собирҷон ва омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Симоненко Л.Ф. дар мавзуҳои мухталиф суханронӣ намуданд.
Зимни баргузории семинар ҳозирин ба маърӯзакунандагон суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ташкилкунандагони семинар ҷиҳати фаъолияти пурсамар изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид кард, ки дар ин шабу рӯз олимони мо бояд бештар кор кунанд ва тамоми соҳаҳоро рушд диҳанд.