Баргузории семинари илмӣ-амалии вилоятӣ дар ДКМТ

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалии вилоятӣ таҳти унвони ” Масъалаҳои мубрами ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд: муаммоҳо ва ҳалли онҳо” бо ширкати олимону муҳаққиқони донишкадаву донишгоҳҳои вилоят баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст сардори раёсати таълим Осими Оқил ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба мақсаду мароми семинар ва масъалаҳои баррасишаванда гуфта гузашт. Баъдан сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Шаҳноза дар бораи масоили калидии муҳити зист ва муаммоҳои мавҷуда сухан ронда, меҳмононро муаррифӣ кард.
Сипас, тибқи барномаи семинар олими сатҳи ҷаҳонӣ профессор Розиқов Зафар дар мавзуи “Саҳми олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об” суханронӣ намуда, дар бораи панҷ ташаббуси ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба об, ҳамкории олимони донишкада бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, пажӯҳишгоҳҳои байналмилалӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими вобаста ба об гуфта гузаштанд. Мавсуф таъкид намуд, ки олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 200 донишгоҳу донишкадаҳои олам ҷиҳати ҳалли масоили об ва муҳити зист ҳамкорӣ менамоянд.
Ҳамчунин дар семинари имрӯза мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Ҳоҷиев Саидмуқбил дар мавзуи “Истифодабарии корҳои лаборатории виртуалӣ аз фанҳои физика ва химия дар ҷараёни таълим” , дотсенти кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд Дрниёрова Мунира дар мавзуи “Рушди илмҳои риёзӣ ва дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва профессори кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд Қобилов Нарзулло дар мавзуи ” Таркиби химиявӣ ва хусусиятҳои шифобахшии оби шифоии Зумрад” суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки семинари имрӯза бо ташаббуси Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор карда шуд.

ю