Дирӯз бегоҳ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хобгоҳи донишҷӯёни донишкада бо ташаббуси факултети металлургия ва шуъбаи кор бо ҷавонон чорабинии илмӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём, муовини декани факултети металлургия оид ба тарбия Расулова Мунзифа, мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Тоҷибоева Манзура , сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз, мудири хобгоҳ Азизов Қурбон, омӯзгор Ҷалолова Зуҳро ва донишҷӯён суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, бахшида ба ин рӯз чорабинии фарҳангӣ манзури донишҷӯён гардонида шуд.
Дар интиҳо як қатор донишҷӯён дар вамфи Тоҷикистон шеърҳо қироат намуда, хотири ҳозиринро болида гардониданд.
Хабар бо сабаби заъфи техникии сомона дертар гузошта шуд.
Шуъбаи иттилоот