БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони донишкада чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва рӯзи омӯзгор гузаронида шуд.
Пас аз қироати Суруди миллӣ чорабиниро муовини аввали ректори донишкада профессор Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба мақоми забони тоҷикӣ, корбурди густурдаи он ва ғамхориҳориву дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди забони тоҷикӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор ёдрас шуда, ҳамзамон номаи табрикотии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро манзури ҳозирин гардонид.
Сипас, раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада Давлатзода Давлат суханронӣ карда, ҳамагонро ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор табрику таҳният гуфт.
Баъдан ба 23 нафар омӯзгорони фаъол туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аминҷонова Мавлудахон, раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада Давлатзода Давлат тақдим карда шуд.
Дар интиҳо барномаи рангини фарҳангӣ- фароғатӣ аз ҷониби ансамбли ҳунарии “Ҷилои ёқут” манзури ҳозирин гардонида шуд.