Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо ширкати меҳмонону донишҷӯён баргузор гардид.
Ҷаласаи идонаро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, ҳамагонро ба Рӯзи дониш ва оғози соли хониш табрику таҳният гуфт. Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ таъкид намуд, ки бо талошҳо ва заҳматҳову ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маориф рушд намуд ва ҳамасола садҳо мактабу муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад ва ҷавобан ба ин ҳама мо омӯзгорон низ бояд талош кунем, ки насли хубу донишманд тарбия намоем. Ояндаи донишҷӯён аз масъулиятшиносии мо омӯзгорон сахт вобастагӣ дорад.
Баъдан, раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода ҳозиринро ба Рӯзи дониш табрику муборакбод гуфта, изҳор дошт, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои пешқадами соҳавӣ мебошад ва донишҷӯён бояд хубу аъло хонда, барои давлату миллати худ содиқона хидмат намоянд…
Ҳамчунин, дар чорабинии имрӯза намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Оифхон Шарифзода суханронӣ намуда, ҳозиринро ба оғози соли нави хониш таҳният гуфта, номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро манзури ҳозирин гардонид.
Дар чорабинии имрӯза ҳамзамон раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода ба ду нафар омӯзгорони фаъол Давлатзода Давлат мукофоти давлатии медали хизмати шоиста ва Мирзозода Воҳидҷон унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба 9 нафар дипломҳои аъло тақдим намуданд.
Сипас, тамоми омӯзгорону кормандон бо ҳамроҳии меҳмонони олиқадр мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи илм ва маорифро мустақиман тамошо намуданд.
Ҳозирин аз суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҷаҳон маъно бардошта, бо саодатмандӣ ва изҳори шукргузорӣ ҷаласаро ҷамъбаст намуданд.