Имрӯз , тибқи нақшаи чорабиниҳои “Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон озмуни фаннӣ гузаронида шуд, ки дар он 4 гурӯҳ донишҷӯён ба ҳисоби 4 даста иштирок доштанд.
Чорабиниро мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатика Туев Шоҳин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба шартҳои озмун, мақсади баргузории ин озмун ва натиҷаҳои он, имконияти кафедра ҷиҳати баргузории чорабиниҳо сухан ронд. Сипас, донишҷӯён аз рӯи 5 шарт дар ин озмун ширкат намуда, дониши худро санҷиданд.
Дар ин озмун сазовори ҷойи якум дастаи “Зеҳни сунъӣ”, ҷойи дуюм дастаи “Дурахшон”, ҷойи сеюм бошад “Металлургони ҷавон” ва “Энергетикони ҷавон” гардид. Дар интиҳо ба дастаҳои ғолиб, аз ҷониби омӯзгорон дипломҳо тақдим карда шуд.